Пайки қалам

Одоби салом

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки обрўву нуфуз ва қимати шахсро баланд мебардорад, гуфтани салом ба хурду бузург ва риояи одоби он мебошад. Салом беҳтарин рукни маърифати инсонӣ ба ҳисоб меравад. Салом аз арзишҳои маънавӣ ва фарҳангие мебошад, ки аз аввал то ба охири умр ҳамчун ҳусни инсон боқӣ мемонад. Яке аз аввалин шартҳои тарбияи инсон ҳам омўзиши одоби салом аст. Баъзан дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад, ки марду зани калонсоли деҳотӣ ба ҳамсинну соли худ, сарфи назар аз он ки онҳоро мешиносанд ё не, салом дода мегузаранд. Ин расми хуби мардуми тоҷик аст.

Китоб – беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ

Китоб дўст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон, ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣнуҳуфта. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Оинаест, ки инсон аз юмни он тамоми камбудҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғўшаш.

Фарзанди ин сарзамини бостон бошем!

Нақши ҷавонон дар рушди фаъолияти сохторҳои гуногуни давлат  назаррас аст. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кард ва таъкид дошт, ки «Мо бо ҷавонони худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрўз бо нангу номуси миллӣ, ташабусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд». 

Адиби нуктадон ва ҳамсари меҳрубон

Ҳар ҷо, ки сухан дар бораи устод Лоҳутӣ меравад, беихтиёр ёди ҳамсари азизашон Силсилабону дар хотираҳо бедор мегардад. Ин бонуи номвару эҷодкор ва тарҷумони шоҳасари безаволи “Шоҳнома”-ро ҳамчун фарзанди фарзонаи ду миллат-русу тоҷик мешиносанду ба хидматҳояш арҷ мегузоранд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj