Китобҳои нав

Китоби арзишманд дар адабиётшиносӣ

Ба дўстдорон ва ҳаводорони адабиёти ҷаҳонӣ расонида мешавад, ки чанде пеш китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» аз ҷониби матбааи «ЭР-граф» дар ҳаҷми 496 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур ба қалами донишманд ва ҳиндшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов тааллуқ дорад. Чи тавре дар оѓози китоб таъкид шудааст, он ба ҳаёт ва фаъолияти адабии адибони намоёни ҳиндӣ ва баъзе ҷараёнҳои адабии ҳиндӣ дар асри XX бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Иқдоми бузурге дар таълифи китоби таърихи забонҳои эронӣ

(Мирбобоев А. Муқаддимаи филологияи эронӣ. – Душанбе, 2015.-340 с.)

Дастури муфиди таълимӣ

Муҳимтарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист, ки сарнавишти халқи моро ба куллӣ дигаргун кард. Истиқлолияти давлатӣ ҷумҳурии моро  бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст ва заминаи мусоидро барои шомилшавӣ ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ фароҳам сохт. Дар даврони истиқлолият дар баробари рамзҳои миллии давлатдорӣ ниҳодҳо ва воҳидҳои нави давлатӣ низ ташаккул меёфтанд.

Осорномаи Қаҳҳори Расулиён

Ба иттилои дўсторони китоб расонида мешавад, ки ба махзани адаби тоҷик китоби дигаре зери унвони «Осорномаи Қаҳҳори Расулиён» ба нашр расид. Китоби мазкур аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Фарҳод Қараев мураттаб гашта, фарогири 72 саҳифа мебошад. Чи тавре аз номи китоб бармеояд, он шомили номгўи асарҳои таълифнамудаву таҳиякарда, мақолаву гузоришҳо ва таҳрирҳои Қ.Расулиён буда, дар сафаҳоти аввали он ба ҳаёту фаъолият ва тақдирномаҳову ҷоизаҳои ў ба таври мухтасар ишора рафтааст. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj