ҶАШНИ САДА – БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тавре дар аввал ёдовар шудем, ҷашни Сада ин вобаста ба Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуктаи дигар равшанӣ бояд андохт. Баъзеҳо Хуршед ва Меҳрро як медонанд, ки ин тавр ҳам нест. Меҳр ё Митро (ба авестоӣ «Мисра», паҳлавӣ «Митр») маънои зиёд дорад. Аз ҷумла аҳд, паймон, муҳаббат, Хуршед, ҳафтумин моҳи сол, рўзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ ва ѓ. Меҳр фариштаи аҳду мисоқу фурўѓ дар Эрони Бостон буд ва ўро фариштаи меҳру дўстию аҳду паймон ва мазҳари фурўѓу рўшноӣ мепиндоштанд. Ба ақидаи Ёҳақӣ «Меҳр эзадест, дорои ҳазор чашм ва ду ҳазор гўш ва даҳ ҳазор посбон…» (Ниг.: Ёҳақӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ / Таҳия ва шарҳу тавзеҳот ва талҳиқоти Р.Ваҳҳоб. Душанбе, 2014, с.319).

Дар солҳои охир пажўҳандагон бидуни андеша шаби ялдоро (шаби чилларо, 21-22 декабр), ки дарозтарин шаб аст, таваллуди Меҳр медонанд. Аз иттилои боло маълум шуд, ки Меҳр маъниҳои зиёд дорад. Пас, фаромўш набояд кард, ки шаби чилла ё ялдо ин таваллуди фақат Хуршеди воқеӣ аст. Калиди дақиқ намудани ҷашни Сада низ дар ҳамин ҷост. Яъне, шаби ялдо ин шаби таваллуди Хуршед аст, на Меҳр. Ба гуфти Меҳрдоди Баҳор ҷашни Сада ин чиллаи Хуршед аст. 

М. Баҳор дар ин бора гуфтааст: «Ҷашни Садаро нигоҳ кунед, ки дар даҳуми баҳман (29-30 январ) аст. Хуршед бино ба эътиқодоти куҳан шаби дайҷур (торик)-и ваҳшатнок поёни озармоҳ ва аввали дай (21-22 декабр), байни поиз ва зимистон, баландтарин шаби сол аст, ки ин шаби зоида шудани Хуршед аст. Дар ин дарозтарин шаб, Хуршед саранҷом зода мешавад. Хуршеде, ки дар поёни поиз мурда буд, дар зимистон бача аст, дар баҳор навҷавон аст, дар авҷи тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир мешавад, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай меояд як Хуршеди тоза аст, як навзод аст…» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.304).

Дар Авесто бахши махсусе ба номи «Хуршед-яшт» аст, ки аз хондани он метавон бовар кард, ки Сада дар воқеъ ҷашни Хуршед аст ва онро бояд таҷлил намуд. Аз ҷумла дар Авесто омадааст: «Ҳангоме ки Хуршед барояд, замини аҳураофрида пок шавад; оби равон пок шавад; оби чашмасорон пок шавад; оби дарё пок шавад: оби истода пок шавад; офариниши Аша, ки они Спандменуст – пок шавад» (Авесто. Душанбе, 2000, с.233).

Меҳрдоди Баҳор, ки донишманди устурашиноси дақиқназар аст, дар асоси мутолиаи устураҳои ҷашнҳои оташи кишварҳои гуногуни олам ва осори устурашиносон ба чунин натиҷа расид, ки сада ин дар воқеъ ҷашни чиллаи Хуршед аст. Маҳз тавассути гулхани оташ, ки намоди Хуршед аст аз гузаштаҳои дур то имрўз ниёгони мо ин бузургтарин ва нодиртарин падидаи табииро бо эътиқод, афсуну ҷоду ҷашн мегирифтанд. Ин кўдаки хурдсолро, ки номаш Хуршед аст бо оташи Сада гарм мекарданд. М.Баҳор ин нуктаро ба таври зерини шарҳ додааст: «Бо ин оташбозиҳо, ки дар воқеъ ҷодуи гарм шудани Хуршед аст, ин бачаро ташвиқ ба рушд ва гарм шудан мекунем, ба ў энержӣ ва ёрӣ медиҳем, ки қавитар бишавад. Дар маросими марбут ба таваллуд то чиҳил рўз бачаро маъмулан дар хона нигоҳ медоранд ва ба касе нишон намедиҳанд. Дар рўзи чиҳилум аст, ки бачаро дигар ба ҳама нишон медиҳанд, аз хона берун мебаранд. Мо дар чиҳилум, аз аввали даймоҳ яъне даҳуми баҳман (29-30 январ) ҷашни Сада мегирем. Дар воқеъ Хуршед дар ин рўз чиҳилрўза шуда. Дар осори қадим, ба думи парандаҳо ҷорўи кўчаке мебастанд ва думи парандаҳоро оташ мезаданд ва ба ҳаво парвоз медоданд. Гўё ҳазорҳо Хуршед дар осмон мепарид дар шаб. Кўҳаи оташ дуруст мекарданд, ба гирдаш мерақсиданд. Ин кўҳаи оташ намоди Хуршед аст. Ин парандаҳое, ки дар фазо ҳастанд, хуршедаконе дар фазо ҳастанд, ки дар воқеъ ҷодуӣ оташ будааст. Ҷодуи гарм кардани Хуршед ба муносибати чиҳилумин рўзи таваллуди Хуршед. Хуршед мазҳари баркат барои инсон аст. Ҳаёти мо ба Хуршед вобаста аст. Пас куллияи ҷашнҳои хуршедӣ масъалаи баракатбахшро ба наҳве ба худаш дорад» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.305).

Ҷашни Сада дар тўли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон дар замони Ѓазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ѓазнавӣ низ ин ҷашнро бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил менамудааст. Доир ба он Абулфазли Байҳақӣ чунин маълумот овардааст: «Ва рўзи чаҳоршанбе ҳафтдаҳуми (моҳи) сафар пас аз бор хилвате кард, амир бо вазир ва соҳибдевонони рисолат ва авлиё ва ҳашам ва Хоҷа Ҳусайни Микоил низ он ҷо буд ва рой заданд дар маънии ҳаракат ва қарор гирифт бадон ки сўи Марв рафта ояд ва бар ин боз пароганданд. Ва Хоҷа Ҳусайни Вакил шуѓл бисохт ва бистуми ин моҳ сўи Марв бирафт то мисол диҳад улуфот ба тамомӣ сохтан чунонки ҳеч бенавое набошад чун раияти Мансур он ҷо расад. Ва пас аз рафтани ў то се рўз амир фармуд то сарои парда бар роҳи Марв бизаданд бар се фарсангии лашкаргоҳ. Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз он ҳамаи лашкар ба саҳро бурданд ва газ кашидан гирифтанд то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданд ва дар саҳрое ки ҷўйи оби бузург буд бар он шараф (баландӣ, муртафеъ) меафганданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чўби сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар ки сахт бисёр буд, болои кўҳе баромад бузург. Ва аллаи (уқоби) бисёр ва кабўтар ва он чи расм аст аз дороти ин шаб ба даст карданд» (ниг.: Байҳақӣ, Муҳаммад Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ / Муқаддима, тасҳеҳ, таълиқот, тавзеҳот ва феҳрастҳо: Муҳаммад Ҷаъфар Ёҳақӣ, Меҳдии Саййидӣ. Ҷ.1. Теҳрон: Сухан, 1388, с.437-438.)

Тибқи ишорати Байҳақӣ дар он рўзгорон ҷашни Сада аз ҷониби ҳукумати замон бошукўҳ баргузор мешудааст: «Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби ҷўйи об, ки шароъе зада буданд, биншаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд – ва пас аз он шунидам, ки қариби даҳ фарсанг фурўѓи он оташ бидида буданд – ва кабўтарони нафтандуд бигзоштанд ва дадгон ба қорондуд ва оташ зада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад». (Байҳақӣ, с.438).

Аз худи ин ишораҳо маълум аст, ки ин ҷашнро мардум бо тарзи гуногун таҷлил намуда, шоҳон низ ба он ҳамроҳ шуда, дар базмгоҳҳо ва макони баргузории ҷашни Сада иштирок карда, шодию хурсандӣ мекардаанд ва ба ҳамдигар таманнои хушҳоливу хушсолиро орзу менамудаанд.

Тавре ховаршиноси машҳур Е.Э.Бертелс дар як мақолаи худ таҳти унвони «Праздник джашн-и Саде в персидско-таджикой поэзии» (Э.Бертельс. Избранные труды. М., 1988, с.302-313) навиштааст, шоирони дарбори Ѓазнавиён ҷашни садаро ситоиш намудаанд. Ба гуфти ў Унсурӣ дар қасидае ба таври муфассал аз ҷашни Сада ёдовар мешавад, онро ёдгор аз Фаридуну Ҷамшед медонад ва тарзи баргузор шудани онро ба таври зерин тасвир менамояд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин имшаб гўӣ, кўҳи Тур аст,

К-аз ў нури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рўз аст, шаб хондаш набояд,

Ва гар шаб рўз шуд, хуш рўзгор аст.

Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,

Ки бас пурнуру рўҳонӣ диёр аст,

Фалакро бо замин анбозие ҳаст,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Гаҳе сарви баланд асту гаҳе боз,

Ақиқин гунбади зариннигор аст.

Ар эдун гар ба сурати рўшан омад,

Чаро тиравашу ҳамранги қор аст.

Гар аз фасли замистон аст Баҳман,

Чаро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст?

Ба лола монад он, лекин на лола аст,

Шарори оташи Намруду нор аст.

Ҳаме мар мавҷи дарёро бисўзад,

Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст.

 

Аммо ҳамин Унсурӣ шояд таҳти таъсири дигарон қарор гирифтааст, ки дар қасидаи дигараш ҷашни Садаро сарзаниш менамояд. Баръакс сиёсати Маҳмудро дар муқоиса бо оташи сада баландтар донистааст:

Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гўям,

Ба ҷашни деҳқоноин ба зинати баҳман.

Ки андар ў бифрўзанд мардумон маҷлис,

Ба гавҳаре, ки бувад сангу оҳанаш маъдан…

Чунин ки дидам оини ту қавитар буд,

Ба давлат андар з-оини Хусраву Баҳман.

Ту марди диниву ин расм расми габргон аст,

Раво надорӣ бар расми габргон рафтан.

Ҷаҳониён ба русуми ту таҳният гўянд,

Туро ба расми каён таҳният нагўям ман.

На оташ аст сада, балки оташ оташи туст,

Ки як забона ба тозӣ занад, яке Хутан.

 

Дар ин бора А.Абдуллоев чунин гуфтааст: «Унсурӣ ҷашни садаро «расми габргон» номида, расми нави Маҳмудро, ки ба дини ислом асос ёфтааст, қавиву пурзўр ҳисобидааст. Вай ишора кардааст, ки бо расми шоҳони гузаштаи бостонӣ Маҳмудро таҳният нахоҳад гуфт, баръакс расми нави ў лоиқи таҳсину офарин аст; оташи сада дар назди оташи сиёсати Маҳмуд, ки як забонааш ба арабу дигараш ба Хутан аст, ҳеҷ аст. Унсурӣ барои дастгирии сиёсати Маҳмуд ошкоро садаро-ҷашнеро, ки пештар худаш тавсиф намудааст, нораво ҳисобидааст ва ба ҷояш расму суннати динии маҳмудиро тарѓиб намудааст» (А.Абдуллоев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри Х1. Душанбе, 1979, с.127).

Ҳарчанд дар ҳар давру замон зидди оинҳои бостонии ниёгони мо, ки пайвандагари инсон ва табиат мебошанд, шахсоне мубориза мебурданд ва мехостанд, ки ин ҷашнҳои бостонӣ Наврўз, Меҳргон, Сада таҷлил нагардад, вале боз ҳам мардум онҳоро аз ҳама балоҳо наҷот дода, то рўзгори мо оварданд.

Хушбахтона, Сада дар ашъори шоирони дигари садаи ёздаҳ зиёд тавсиф шудааст. Онҳо Садаро ситоиш намуда, дар бораи ин ҷашн ва арзиши он назари хешро ифода намудаанд. Аз ҳама муҳим дар адабиёти садаи ёздаҳ ҷашни Сада, махсусан дар шеър, ба сифати талмеҳ корбарӣ шуда, ҳамчун як ҷузъи устураи мансухӣ ҳифз шудааст, ки аз бузургии ин ҷашн ва қадимияти он далолат мекунад. Чунончи Фаррухӣ мегўяд:

Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Садаст,

К-аз сарои хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад. 

Ба ин маънӣ дар байти дигар аз Сада ҳамчун талмеҳи мансухӣ истифода карда, чи гуна дар шаб оташ афрўхтан ва тавассути он аз ҳама кирдорҳои зишт тоза шуданро ёд намуда, тавассути хотираи таърихӣ аз ин ҷашни ниёкон ёд мекунад ва мегўяд:

Шаби Сада аст яке оташи баландафрўз,

Ҳақ аст мар садаро бар ту ҳақ он бигзор. 

Дар бораи он ки то омадани Наврўз панҷоҳ рўз аст ва аз ин пеш ҷашни Сада аст, Манучеҳри ишораи ниҳоят латиф дошта, аз таърихи пайдоиши Сада чунин маълумот додааст:

Ва инак  биёмада аст ба панҷоҳ рўз пеш,

Ҷашни Сада тилояи наврўзи навбаҳор. 

Шоирони пасин низ аз ин талмеҳи мансухии ҷашни Сада фаровон истифода карда, бори дигар ишора менамоянд, ки ин ҷашн дар миёни халқ ҷойгоҳи хос дошт ва боиси ифтихори аҳли адаб низ мебошад. Масалан, Манучеҳрӣ дар як қитъаи худ дар бораи ҷашни Сада гуфтааст:

Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Барафрўз Оташбарзин, ки дар ин фасл басо,

Озарибарзин пайѓамбари озор бувад.

Оташе бояд чунон, ки фурўзад аламаш,

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.

Чун зи гардун бар ин силсилаи зарандуд,

Қурси хуршед фурў хуфта нагунсор бувад.

Оташу дуд чу дунболи яке товус,

Ки барандўда ба тарфи думи ў кор бувад.

В-он шараф, гўӣ, товус ба гирди думи хеш,

Луълуе хурд фитолида ба минқор бувад.

Чун яке хаймаи марҷон зи бараш нофаи мушк,

Ки суманбарг бар он нофаи аттор бувад.

Ё чу зарин шаҷаре даршуда атрофи шаҷар,

Ки бар ў бар шамар аз луълуи шаҳвор бувад.

Боѓбон ин шаҷар аз ҷой биҷунбонад сахт,

То фурў барад боре, ки бар ашҷор бувад.

Май хўр, эй сайиди аҳрор, бар ин ҷашни сада

Бода хўрдан, бале, аз одати аҳрор бувад.  

(Манучеҳрӣ. Мунтахабот / Ҷобул Додалишев. Душанбе: Дониш, 1974 ,с.73)

Дар ин қитъа Манучеҳрӣ доир ба сифати ҷашни Сада эътибор дода, баргузории онро дар замонаш хеле хуб тасвир кардааст ва ин бори дигар далолат аз он мекунад, ки ҷашни Сада маҳсули тахайюли гузаштагони мо ҳаст ва асрҳо идома ёфта, дар миёни мардум маҳбубияти махсус доштааст.

Дар ѓазали Хоқонӣ талмеҳи сада оҳанги ѓиноӣ гирифта, ба ҳолати руҳии ошиқ пайваст шудааст ва эҳсои ҳолати вай бо ин таъбир самимӣ ифода гардидааст:

Он шаб, ки шаби Сада буд дар кўят,

Оташи дили ман боду чалипо мўят. (Хоқонӣ).

Садаро ниёгони пешазориёии тоҷикон ҷашн мегирифтанд. Баъдҳо он вориди зиндагии қавмҳои гуногуни ориёӣ, ҳам эрониён ва ҳам тўрониён гардид. Аз сабаби он ки барои зардуштиён Хуршед, оташ, рўшноӣ муқаддас буд, Сада вориди рўзгори онҳо шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ҷашни Сада имрўзҳо низ дар байни зардуштиёни Эрон ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаромўш нашудааст. Тавре пажўҳандагон аз ҷумла Содиқи Ҳидоят ишора намудааст, дар замони  шоҳ, бо номи «садасўзӣ» дар Кирмон ҷашни муфассале баргузор мешудааст. Ба гуфтаи эшон дар Кирмон панҷоҳ рўз пеш аз Наврўз хирвори бутта ва ҳезумро дар маҳалли Боѓчабудоѓобод гирд меоварданд. Дар ин ҳамоиш мубади мубадон, аъёни шаҳр ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ даъват мешуданд. Дар хони ин маҳфил шароб, ширинӣ ва меваҳо чида мешуд. Дар аввали ѓуруби офтоб ду нафар мубад оташро меафрўзад ва сурди махсус мехонд. Ҳангоме ки оташ шуъла мезад, ҳама меҳмонон, ки беш аз чанд ҳазор нафар мешуданд, бо фарёдҳои шодӣ даври оташ мегаштанд ва ин таронаро мехонданд:

Сади саде, сӣ бе гале,

Панҷоҳ ба Наврўз ҳо бале.

(С.Ҳидоят. Фарҳанги омиёнаи мардуми Эрон. 1379, с.120-121).

Баъдҳо низ ин ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рўзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, чанде пеш агар оташи оташдони хонаводае хомўш шавад, ин фоли бад буд. То имрўз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқаддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомўш нашавад», «Худоё, чароѓи хонаат ҳамеша даргирон бошад» (фарзандталабӣ, ба хусус барои писар), «Худоё, ҳеҷ кас бечироѓ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироѓ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зўр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонӣ чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин. 

Ҳамчунин ба сифати қасам дар байни халқ таъбирҳои зиёд роиҷ аст, ки ба оини оташ ва ҷашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сўзам, ки…», «Агар ҳамин кора ман карда бошам, илоҳӣ мисли чўб дар оташ даргирам…». Ҳатто чунин нафрин мекунанд: «Илоҳӣ, бечироѓ шав!» (беписар шав). Яъне оташ ҳамон рамзи ҷодуву афсунии худро низ то имрўз аз даст надодааст. Ҳатто ҳангоми баъзе бемориҳо алавгардон мекунанд, то неруҳои зараровар аз бадани бемор берун равад.

Ҳоло ҳам ҳангоми ҷашни арўсӣ дар Бухоро, Самарқанд, Бадахшон, Хатлон, ноҳияҳои Суѓд ва баъзе ҷойҳои водии Ҳисор арўсро аз гирди оташ гирд гардондан, шамъ равшан намудан ва ё дар байни тамоми тоҷикон пас аз марг се рўз чароѓи хонаро хомўш накардан ба назар мерасанд, ки онҳо аз оини гузаштаи мо сарчашма гирифтаанд. 

То солҳои 70 садаи ХХ дар баъзе деҳоти кўҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурўҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боѓи худ, хору хасу буттаву чўбҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда, оташ афрўхта, шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шўхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта то замони мо овардаанд.

Чанд даҳсола пеш тўи хатна бештар дар фасли зимистон баргузор мешуд. Шахсони доро дар тўи хатнаи писари худ, ҳатман, мусобиқаи гўштин ва бузкаширо барпо менамуданд. Дар майдони гўштин ва бузкашӣ, пеш аз оѓози он, ба харҳо ҳезум бор карда мебурданду аввал гулхане афрўхта, чанд лаҳза дар гирди он хурсандӣ мекарданд, баъд мусобиқаро оѓоз менамуданд. Мо мушоҳида кардаем, то он даме, ки гулхан наафрўзанд, пирмардони суннатгарои таҷрибакор ба шурўи мусобиқа иҷозат намедоданд. Ин оин ҳоло ҳам дар зеҳни пирамардоне боқӣ мондааст, ки ин ҳам ҳамон нишонае аз ҷашни Сада аст.

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон дорад ва месазад, ки он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда шавад. 

Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рўз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боѓҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурўши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дархт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машѓул шаванд, боѓҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сўзонанд ва ҷўйю заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонад. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машѓул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик ба ҳам ҷамъ оянд, аввал дар боби дўстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хўрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромўш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, боз беҳтар.

 Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошанд, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврўз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.

Метавон ёдовар шуд, ки имрўзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форисазбонон, курдҳо, паштунҳо, баллучҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарбхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.

Вобаста ба ин Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».

Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукуҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурў рафтани офтоб гулхани азиме афрўхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.

Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардўзӣ, гулдўзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта шавад. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.

Хуб мешуд, ки дар гирди ҷашни Сада арўсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврўз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.

Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гўё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба Хуршед бурда ниёиш карда, дар ин рўзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми наврўзовар барои беҳбуд шудани рўзгори ояндаи бахтовар мадагор шаванд.

Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боѓдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмўъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврўз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозад.

Ҳамчунин бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омўхта шуда, таҷлили он дар сарорсаи мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрўза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархурдор шаванд.

Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Сада – ҷашни Хуршед муборак бошад!

(идома аш шумораи гузашта)

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,

академики АИ ҶТ,

Равшан РАҲМОНӣ

профессори ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj