ҲАФТАИ ТАҲСИЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Аз 13-ум то 17-уми ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ баргузор гардид. Ифтитоҳи ҳафтаи мазкур дар Донишгоҳи миллӣ бо иштироки сафири муваққатии ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев доир шуд. Ибтидо муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х. Ғафуров ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба ҳамкориҳои ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ суханронӣ намуд.
 
Муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Р.Мирбобоев зимни суханронии хеш аз имконияти таҳсили донишҷӯёни доҷик дар хориҷи кишвар, ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо муассисаҳои илмӣ- таълимии кишварҳои ҳамсоя суханронӣ намуда, баргузории ҳафтаи таҳсилоти байналмилалиро дар Тоҷикистон имкони хуби таҳсил дар хориҷи кишвар барои ҷавонони лаёқатманд унвон намуданд.
 
Сипас меҳмонон ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи таҳсилотӣ, ки дар назди толори калони донишгоҳ ташкил шуда буд, боздид намуданд.
 
Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи таҳсилотӣ аз муассисаҳои Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғохон, ДААД (DAAD), Кафедраи ЮНЕСКО оид ба идоракунии захираҳои обии Осиё Марказӣ дар назди Донишгоҳи Қазоқистону Олмон, Ассотсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷӯен барои таҷрибаомӯзии техникӣ иштирок доштанд. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуданд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj