ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ФАРМАТСИЯ

Чанде қабл ректори Академияи давлатии фарматсевтии Перуми Федератсияи Русия Туришев Алексей Юревич  ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. мулоқот намуд. Туришев А. Ю. ҳадафи ташрифи худро ба ДМТ мустаҳкам намудани робитаҳои илмию таълимӣ ва, ҳамзамон, иштирок дар конференсияе, ки бо ибтикори факултети фарматсевтии ДМТ дар мавзӯи «Тамоюлот ва дурнамоии рушди фарматсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ шудааст, унвон намуд.
 
Зимни мулоқот тарафҳо дар самти илмҳои тиббию фарматсевтӣ ва омӯзишу таҳқиқи пешрафтаи соҳаҳои зикршуда, ҳамзамон, омода намудани мутахассисон ва табодули устодону донишҷӯён андешаҳои ҷолиб иброз намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни ДМТ ва Академияи давлатии фарматсевтии Перум созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
 
Сипас меҳмони олиқадр дар ҷараёни конференсияи мазкур, ки дар кори он устодону донишҷӯёни факултети тиббию фарматсевтӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок доштанд, ширкат варзида, роҷеъ ба дастовардҳои соҳаи фарматсевтӣ дар ҷомеаи муосир суханронӣ намуд.
 
Дар ҷараёни нишаст иштирокчиён оид ба мушкилот ва дурнамои назорати сифати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маводи доруворӣ, зарурати татбиқи элементҳои фармакоэкономика дар амалияи тандурустӣ, самтҳои асосии истифодаи таҷҳизоти хроматографӣ дар татқиқотҳои токлиникӣ, клиникӣ, таҳлилҳои химиявию токсикологӣ ва ѓайра маърузаҳои ҷолиб намуданд.
 
Н. Худойдодова

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj