Чанд хосияти фазои иттилоотӣ

Фазои иттилоотӣ ин доираест, ки дар ин ё он дараҷа маҷмӯи фактҳои ҷаҳони воқеиро фаро мегирад. Фазои иттилоотӣ барои ҳар  як фард дар коркарди андешаҳо ва баровардани ҳукму қарору тасмимҳо мусоидат менамояд. Фазои итилоотӣ ин як қудрати номаълуми идораи иродаи одамон аст. Фазои иттилоотӣ рӯҳияи иҷтимоиро дар оѓӯши худ мепарварад. Фазои иттилоотӣ ин маҷмӯи натиҷаҳои фаъолияти маънавии инсон аст. Фазои иттилоотӣ интихобро мушаххас менамояд. 

Фазои иттилоотӣ дар асоси сарчашмаҳо ва захираҳои иттилоотӣ ва бархӯрди иттилоотӣ ба вуҷуд омада, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаҳоро бо суръати бештар ба худ ниёзманд месозад. Фазои иттилоотӣ маркази субъекти худро дорад, ки дар раванду ҷараёни худ доираи махсуси ахборро тавлид месозад, онро аз худ намуда маҷмӯъ бунёд менамояд ва оқибат соҳиби пешниҳоди ҳадафманд мешавад. Ба сифати ин субъект инсон,  гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ширкатҳои мухталиф, идораҳои давлатӣ ва умуман ҳар он касе, ки дар рафти он имконоти истифода бурдани технологияҳои иттилоотиро дорад, шинохта мешаванд. 

Қисматҳои асосиву муҳимми фазои иттилоотиро захираҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъсири иттилоотӣ ва сохтори иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Дар ин самт истифодаи истилоҳи фазои иттилоотии ягона дар ҷомеаи башарӣ серистеъмол аст. Истилоҳи фазои иттилоотии ягона бештар дар робита ба фазои иттилоотии ягон минтақа ва ё давлати алоҳида истифода мешавад. Фазои иттилоотӣ дар назарияи журналистика имконияти таъмини шаҳрвандон ба маҷмӯи фактҳо ва андешаву афкор фаҳмида мешавад, ки доиман дар раванди пешниҳодоти сарчашмаҳо сурат мегирад. Аз рӯи ақидаи муҳаққиқ Е.Прохоров «…фазои иттилотии ягона ин ба таври нақд дар ҳар як «нуқта»-и кишвар ба таври маҳкаму устувор ҷой доштани майдони иттилоотист, ки бо шарофати он ҳар кас имкон дорад дар заминаи ахбори зарурии дастрасшуда мавқеи худро  ва вокӯниши худро нисбат ба ҳаёти минтақа, кишвар ва ҷаҳон муайян намояд». 

Вобаста ба доираи фарогирии худ фазои иттилотӣ низ яклухтиву якпорчагиро талаб мекунад. Дар таҷрибаи амалии васоити ахбори оммавии ватанӣ омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба якпорчагии фазои иттилотии кишварҳо таҳдид менамоянд. Мавқеъҷӯиҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ бештар аз дигар омилҳо гардиши озоди ахборро халалдор месозанд. Васоити ахбор баъзан хостаҳои муассисони худро сарфи назар месозанд ва бештар аз рӯи талаботи аудитория амал менамоянд. Манфиатҳои молиявӣ дар ҳолатҳои алоҳида ахбореро дар гардиш қарор медиҳанд, ки манфиати ягон ҷонибро ифода наменамоянд ва бо пуштибонии ҷониби сеюм тафриқа ва тақсимшавии фазои иттилоотиро ба вуҷуд меоранд. Мавқеъгириҳои сиёсии ѓайриинтизор ин фазоро тира сохта, ҳолатҳои пурхавфу гуногунеро барои ҷомеаи маълум ба миён меоранд. 

Дар фазои иттилоотӣ мавзӯоти сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт ва амсоли он ҳар кадом ба таври худ гардишу ҷараён ва таҳаввулу таѓйир ба миён меоранд. Аксар вақт чунин пиндоште вуҷуд дорад, ки танҳо сиёсат ташаккулдиҳандаи фазои иттилоотӣ аст. Ин гумон иштибоҳ нест, аммо дар ин роҳ сиёсат хеле осону номаълум аз дигар мавзӯот истифода бурда, барои худ заминаи маълуму ҳадафдореро ба вуҷуд меорад. Таҳримот алайҳи Русия (иқтисодиёт), карикатураҳо нисбат ба дину оин (фарҳанг), муҳоҷирони сарсони араб дар Аврупо ва масъалаи печидаи қабул кардан ё накардани онҳо (иҷтимоиёт) ҳар кадом таъсири амиқ ба фазои иттилоотии кишварҳо ва минтақаҳо дар ниҳоят дар қолаби сиёсат доранд.

Аз рӯи назарияи дигар танҳо идеология ва ҷараёнҳои сиёсӣ шаклбахшанда ва муайянкунандаи самтҳои инкишофёбандаи фазои иттилоотӣ мебошанд. Ин ҳукм бо пуррагӣ саҳеҳ нест. Зеро шаклҳои мухталифи ВАО (давлатӣ, хусусӣ) доиман дар итоати сензураву девораҳо қарор намегиранд. Ба таври ошкор бар зидди идеологияҳои ҳукмрон фаъолият бурдани васоити ахбор боис мешавад, ки онҳо ҳамчун васоити ахбори опозитсионӣ  шинохта шаванд. Дар инҷо танҳо маҳорат ва кордонии сардабиру соҳибони ахбор нақш дошта метавонанд, ки дар фазои иттилоотӣ ба таври номаълум ҷойгоҳи хосе пайдо месозанд. Дар ин самт ба истилоҳ матбуоти хиёбонӣ ё зард намунаи мисол гашта метавонанд.

Шаклгирии фазои итттилоотӣ аз чигунагии фазои маънавии ҳар воситаи ахбор оѓоз мешавад. Ин фазои маънавии идораи ВАО арзиши ҳар як таҳаввулу мавзӯъро дақиқ менамояд. Усули моҳиронаи пешниҳоди як чизи маълуму равшани ҳаррӯза дар шакли ѓайримуқаррарӣ ин ҳамон фазои маънавӣ ва услуби идораи як воситаи ахбор аст. Аз ин рӯ, муҳаққиқи амрикоӣ Эверетт Деннис андеша дорад, ки  "Сардабирон ва журналистон як қисми элита мебошанд. Соҳибмаълумотанд, озодандешанд ва дар мушаххассозии мавқеи сиёсӣ фаъолтарин ашхосанд. Ногузир маҳз онҳо дар шаклгирии  фазоии хабарӣ нақш доранд, ки ин имконро дигар қишрҳои элита хеле кам дар ихтиёр доранд». Омилҳои мусоидаткунанда ва ташаккулдиҳандаи фазои иттилоотӣ зиёданд. Феълан, андешае матраҳ аст, ки аудиторияи имрӯза вобаста ба мутолиа коҳил аст, аммо  пешрафти техника ва технология имрӯза баръакс шумораи аудиторияро васеъ гардонидааст. Кам афродест, ки барои дарк ва воқиф гаштан аз интернет истифода набаранд. Эълон, реклама, нарх, тиҷорат, мактуб, хабардор гаштан аз таҳсили фарзанд ва садҳо масоили дигар боисанд, ки омма ба интернет муроҷиат намояд. Ин як шеваи ноаёне дар зери таъсири фазои иттилоотии мухталиф қарор гирифтан мебошад. Як сайри кӯтоҳ низ ба мафкура даҳҳо таъсир дорад. Як нигоҳи хушк ба вазъи обу ҳаво низ моро водор менамояд, ки ба сарлавҳаи чанд хабар нигарем. Воситаҳои коммуникатсионӣ, ки дар давоми чанд сония маълумотро ба кунҷи дигари сайёра интиқол медиҳанд, ҳеҷ гоҳ дар сохтани фазои иттилоотӣ истисно нестанд. Таҳсили электронӣ, ки дар ҷойи кору дар хона сурат мегирад, харидории чизе, ёфтани ҷойи кор, ҳукумати электронӣ ва монанди он аз як ҷониб ҳар кадом воситаи зери таъсири фазои иттилоотии хос қарор гирифтани омма бошад, аз ҷониби дигар, омилҳои замонавии ба вуҷуд омадани фазои иттилоотии имрӯза ба шумор мераванд.  Чун ба асли ҳамаи ин назар афканем, маълум аст, ки ахбор ҷаҳонро идора намуда истодааст. Ин ҳукм низ асолати таърихии маълум дорад ва дар вобастагӣ ба давраҳои таърихии мубодилаи ахбор инкишоф ёфта омадааст. Дар такя ба андешаҳои муҳаққиқи рус Коростелева С.В. аз рӯи табодули ахбор ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз панҷ инқилоби бузурги технологиро аз сар гузаронидааст. Соли 1456 дастгоҳи чопии Гутенберг, соли 1876 дастгоҳи телефон, ки ихтирои он ба Александр Белл марбут дониста мешавад, соли 1895 ба роҳ мондани фаъолияти дастгоҳи радио аз ҷониби А. Попов ва соли 1945  аз ҷониби олимон ба фаъолият пардохтани МЕҲ (ЭВМ). Яъне, охирин ва бузургтарин таҳаввулоти ахборӣ  ин интернет аст.

Аксаран имрӯз интернетро омили устувору фаъоли шаклгирии фазои иттилоотӣ меноманд. Дар саҳеҳ будани ин андеша ҷойи шубҳа вуҷуд надорад. Аммо заминаи аслии онро дар шакли наву замонавӣ ба он марбут донистан мумкин аст, ки дар замони диктатураи фашистӣ телевизиону радио чун шаклҳои нави акнун ба роҳ андохташуда вазифаи фазосозиро иҷро мекарданд. Дастгоҳи таблиѓии ин диктатура то хароб гаштани маҷмааи телевизионии Берлин дар соли 1944 яке аз муқтадиртаринҳо дар ҷаҳон буд. То охири солҳои навадум, то замони доман афрохтани интернет телевизион  ва дар ҳолатҳои алоҳида радио дар ин сабқат фаъолтаринҳо  ба ҳисоб мерафтанд. Яъне, идеологияҳо дар нимаи аввали асри бист механизмҳои наву натиҷабахши таъсир ба ҷомеаро дарк намуданд. Бо ин роҳ монополия сохтани афкор чун шакли нави мубориза равшан гашт. Дар гузашта низ ин воситаи мубориза вуҷуд дошт. Танҳо барои амалӣ сохтани он воситаву омилҳо мавҷуд набуданд. 

Тавре зикр гашт, фазои иттилооти ҷаҳонӣ низ як навъ яклухтиро пайгирӣ менамояд. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар асоси мувофиқаҳо фазои иттилоотии ягонае дар пайи бунёд қарор дорад. Давлатҳои абарқудрати пешрафта ба монанди ИМА, Канада, Япония, Олмон, Англия, Италия дар асоси ҳафт принсипи асосноккардашуда ин гуна фазоро сохтан мехоҳанд. Яъне, ҳарчанд сиёсати маълум ин фазоро бунёд намояд ҳам, вале дар баробари ин фазои иттилоотӣ низ пойбанд ва марбут ба олами сармоя аст. Имрӯз дар ҷаҳон се нуқтаи асосиву устувори бавуҷудоварандаи дастгоҳу воситаҳои истеҳсолу интиқоли ахбор вуҷуд доранд, ки дар шаклгирии ин гуна фазо имкони бештарро соҳибанд. Амрикои Шимолӣ, (ИМА, Канада), Аврупои ѓарбӣ ва Япония бо кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё, ки бевосита ифодакунандаи иқтидори абарқудратҳову сармоядорон аст. Дар ин самт Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ аз аксар лиҳоз танҳо истеъмолгаранд. Табиист, ки дар фазои иттилоии ягонаи ҷаҳонӣ қисмати аъзаму бузург дар канор мемонад. 

Чун абарқудратҳо дар фазои иттилотии ягона манфиати худро доранд, нисбат ба аксар хатару таҳдидҳо бетафовутанд. Аммо ҷомеаҳои дигар, масалан, ҷамоҳири ИДМ ногузир дар пайи сохтани фазои иттилоотии худ қарор мегиранд. Онро бунёд ва ҳифз кардан мехоҳанд. Ҳамзамон, чунин ба назар мерасад, ки имрӯз фазои иттилоотӣ дар ҷаҳон дар ду сангари бузург қарор гирифтан мехоҳад. Мо дар назар дорем, Русия ва бархе аз кишварҳои ИДМ-ро, ки имрӯз дар фазои иттилоотии русӣ шакл мегиранд. Дар ин ҷабҳа низ Русия чун волӣ иттифоқчиёни навро ҷӯё  мешавад. Иттифоқчиёне чун Ҳинду Чин, ки як навъ ҳамгироии пӯшида бо Русия доранд. Аммо ин ҷараён хеле мураккабу давомдор буда метавонад. Зеро то имрӯз манфиатҳои миллии ҳар кадом масъалаи муҳимми матраҳшуда аст. Аз ҷониби дигар кишваре чун Русия бо таъмини амнияти иттилоотии ҷомеаву давлат, ташаккули афкори умум, беҳтар гардонидани хизматрасонии иттилоотӣ ва чанд унсури дигари вобаста,  ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ворид шудан мехоҳад. 

Дар давоми асри 20 пешгӯиҳое вуҷуд дошт, ки таҳаввулоти техникиву технологӣ ба як гунаи таркибӣ сурати сиёсии ҷаҳонро таѓйир медиҳанд ва нақшу таъсири давлатро дигар месозанд. Ин бозгӯи он аст, ки дар фазои иттилоотӣ, ҳатман, силоҳи иттилоотӣ вуҷуд дорад. Гуногуншаклии ин силоҳ эътироф шудааст, ки дар сархати он ахбор қарор дорад. Ба ақидаи олимону коршиносони соҳа силоҳи иттилоотӣ ин ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ дар мафкураҳост, ки аз бесарусомонӣ дар иқтисод дида бадтару пурхавфтар аст. Ин силоҳро баробар ба силоҳи қатли ом донистаанд. Корбасти муваффақонаи ин силоҳ талафи манфиатҳову арзишҳои миллӣ ва шикасту пора гаштани ҷомеаҳост. Мусаллам аст, ки силоҳи иттилоотӣ  муҳайёсозанда ва пайдокунандаи  сангарҳову ҷангҳои иттилоотӣ ба шумор меравад. Ҷанги иттилоотӣ бошад, раванди мухолифатҳову умумиятҳои инсонист, ки барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва дигар ҳадафҳои сатҳи стратегӣ бо роҳи таъсир расонидан ба шаҳрвандон, ҳокимият ва ҳарбиён шакл мегирад. Неруҳои муқобили ҳам қароргирифта бо роҳи паҳн кардани ахбори махсус омодашуда раванди воқеотро таѓйир додан ва ба он таъсир расонидан мехоҳанд. Фаъолияти мақсаднок, ки барои пештозии иттилоотӣ ба нақша гирифта мешаванд, бо роҳи зарба ба раванди иттилоотии ин ё он кишвар ба вуҷуд меояд. Ҳатто ба ахбор зарба расонида мешавад ва ахбор дар як ҷомеа иқтидори худро гум менамояд. Системаҳои ахбории ҷомеаҳо хароб гардонида мешаванд. Ин раванд ѓайриошкор аст ва танҳо ҷомеаҳои аз нигоҳи идеологӣ неруманд онро дарк менамоянд. Он ҷомеае гирифтор ва маѓлуб аст, ки агар дар фазои иттилоотӣ  сипари иттилоотии заиф дошта бошад. Ин аст, ки ҷомеаҳои фаъол ахбори худро ҳимоя менамоянд ва онро неру бахшидан мехоҳанд. Ҷангҳои иттилоотӣ вобаста ба манфиатҳои умумибашарӣ сурат мегиранд. Байни системаҳои ҳокимиятҳо, системаи арзишҳо ва идеологияҳо ин бархӯрдҳо имрӯз зиёданд. Манфиатҳо ва умумиятҳои имрӯза - ба расмият шинохтан ва нашинохтани давлатҳо, иттиҳоди давлатҳо, ҷонибҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ, ташкилоту созмонҳои экстремистиву терористӣ, ки бо роҳи зӯроварӣ ѓасби ҳокимиятро мехоҳанд ва амсоли он дониста мешаванд. Намунаи нисбатан возеҳи ҷанги иттилоотӣ ҷанги сарди солҳои 1946-1991 ба ҳисоб меравад, ки ба муқобили ИҶШС ҷараён дошт ва аз соли 2008 вобаста ба қазияҳои гурҷӣ ба муқобили Русия  ҷанги нави иттилоотӣ оѓоз гардид. Қазияи Украина шиддатёбии ин набарди иттилоотӣ буд ва ҳаст. Мафҳуми «ҷанги иттилотӣ», ба андешаи Ярослав Деркаченко ин ҷанги насли чорум мебошад, ки аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта нуфуз пайдо менамояд. Аллакай, дар солҳои навадуми асри гузашта ҳамчун як назарияи таҳқиқӣ ба фазои илмии Русия ворид шудааст. Ҷомеаи амрикоӣ ҳамчун кашшофи фаъоли ин усули нави мубориза барои як навъ аз назар пинҳон монондани он  корбасти мафҳуми ҷанги иттилоотиро ба «амалиёти иттилоотӣ» иваз карда истодаанд. 

Соли 1998 аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Русия ба котиби генералии СММ мактубе ирсол гардид, ки дар он дар бораи амнияти иттилоотии байналхалқӣ сухан мерафт. Дар мактуб зикр мегардид, башарият бояд дар бораи падид омадани силоҳи нав - силоҳи иттилоотӣ андешад ва дар бораи паҳн нагаштан ва истифода нашудани ин аслиҳаи нави қатли ом чора андешад. Баъди фосилаи баҳсҳо ин тасмим ҷонибдорӣ гашт ва қарори махсуси СММ  (рақами 53/70) аз 4-декабри соли 1998 бо мазмуни дастовардҳо дар фазои иттилотӣ ва телекоммуникатсия дар доираи  амнияти  иттилоотӣ  қабул гардид. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истиснои чанде аз кишварҳои абарқудрат то ҳанӯз натавонистааст, ки ҳақиқату воқеияти  фазои иттилоотӣ  ва таҳдиду хатарҳои фазои  иттилоотиро дарк намояд.

Аз ин рӯ,  моҳияти фазои иттилоотӣ ва унсурҳои фарогири он танҳо як дарки хушку холӣ нест. Фазои иттилоотӣ барои кишварҳо зина ба зина ба як рукни устувориву бақои иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст.  Халалдорсозандаи фазои иттилоотӣ ва таҳдид ба яклухтии он дар фазои  ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ин камтаъсирии ВАО-и марказӣ ба музофоту минтақаҳо, инҳисороти ВАО-и маҳалливу мутамарказ гаштани он, бунбасти иттилоотӣ, нодида гирифтани манфиати аудиторияҳо ва чанд омили дигари марбут ба сармоя мебошад. Сарфи назар аз маҳдудиятҳо ва баъзе канормонданҳо бояд ҳар як кишвари инкишофёбанда дар пайи бунёди фазои иттилоотии хос ва ё сипари иттилоотии устувор бошад. Зеро ба фазои иттилоотии ягонаи ҷаҳонӣ ворид гаштан, дар баробари монеаҳои зиёд доштан, фосилаҳои муайяни вақтро хоҳон аст. Маълум аст, ки ба таври умумӣ ин ҳадафро сиёсати иттилоотӣ, ки маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии давлату ҳукуматҳо, ки барои пойдории салтанатҳоро равона мешаванд, ифода менамояд. Нодида гирифтани равзанаҳои ахбориву шаклгирии фазои иттилоотӣ аз ҷониби ниҳодҳои марбута, алалхусус, аз ҷониби қишри зиёиву равшанфикри ҷомеа оқибати судманд нахоҳад дошт. 

Бахтиёри Қутбиддин,

мудири кафедраи журналистикаи

байналхалқии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj