Фидоии илми кимиё

27-феврали соли 2004  илми кимиёи тоҷик талафи калон ёфт. Ташкилотчӣ, олими забардаст ва педагоги донишманд, узви  вобастаи  АИ ҶТ, доктори илмҳои кимиё, профессор Кимсанов Бӯрӣ  Ҳакимович дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт. 
Кимсанов Бӯрӣ  Ҳакимович 2-юми августи соли 1941 дар шаҳри Душанбе дар оилаи  коргар ба  дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10-и шаҳри Душанбе  соли 1959  ба факултети кимиёи  Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон дохил шуда, бо сабаби донишҷӯи фаъол ва донишманд буданаш, пас аз хатми соли сеюми таҳсил ба яке аз марказҳои илмии пешқадам – Донишгоҳи давлатии Воронеж интиқол дода мешавад. Баъди хатми донишгоҳи номбурда таҳти роҳбарии яке аз кимиёгарони Иттиҳоди  Шӯравӣ,  профессор Б.И.Михантйев  таҳсилро дар аспирантура идома додааст. Б.Ҳ. Кимсанов соли  1969 рисолаи номзадӣ ва  соли 1987 рисолаи докториро бомувафаққият дифоъ менамояд.
    Соли 1989 ӯ ба вазифаи  профессори  кафедраи  кимиёи узвӣ  интихоб шуда, моҳи сентябри  соли 1992 бо ташаббуси  бевоситаи профессор Б.Ҳ. Кимсанов дар факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  кафедраи  пайвастҳои  калонмолекулӣ  ва  технологияи кимиёвӣ таъсис дода шуда, то вопасин лаҳзаҳои умр ӯ сарварии ин кафедраро ба уҳда дошт. 
    Инчунин, бо ташаббуси устод Б.Ҳ.Кимсанов ва заҳмату меҳнатҳои ин марди фозилу дурандеш соли 1992 дар назди кафедра озмоишгоҳи таҳқиқоти илмии «Кимиёи глисерин» таъсис дода шуд ва он имрӯз ҳамчун озмоишгоҳи мустақил дар ҳайати Институти илмии таҳқиқотии ДМТ фаъолият намуда, хушбахтона, бо қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 30.09.2011 ба номи профессор  Бӯри Ҳакимович Кимсанов  номгузорӣ гардид. Кордонию дурандешии ин марди фозилу доно буд, ки барои тайёр намудани кадрҳои  баландихтисоси илмию омӯзгорӣ дар мадди аввал корро  аз таъсис додани озмоишгоҳи илмӣ шурӯъ намуд. Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии ӯ  7 нафар рисолаи номзадӣ ва  2 нафар рисолаи докториро дифоъ кардаанд.
    Профессор Б.Ҳ.Кимсанов аз соли 1990 аъзои шӯроҳои диссертатсионии рисолаҳои  докторию номзадӣ дар Пажӯҳишгоҳи  кимиёи АИ ҶТ ба номи В.И.Никитин ва ДМТ буд ва дар тайёр кардани мутахассисони варзида саҳми босазо гузошт.
 Дар рушду инкишофи илми кимиё саҳми профессор Б.Ҳ. Кимсанов хеле  калон мебошад. Бо назардошти ҳамаи ин, ӯро соли 1997 узви вобастаи АИ ҶТ интихоб намуданд. Бояд қайд кард, ки таҳқиқотҳои илмии таҳти роҳбарии Б.Ҳ. Кимсанов гузаронидашуда дар инкишофи кимиёи узвии синтетикӣ саҳми калон гузошта, зиёда аз 2000 пайвастҳои нави узвӣ тавлиф карда шудааст, ки на фақат аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти муҳимми амалӣ низ доранд.  
    Профессор Б.Ҳ.Кимсанов муаллифи зиёда аз 550 асарҳои илмӣ буд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ англисӣ, русӣ ва узбекӣ  дар нашрияҳои  мухталиф ба табъ  расидаанд. ӯ  муаллифи 4 монография, 6 китобу дастури  таълимӣ ва 30 ихтирооти илмӣ буд. Меҳнатҳои  беғаразона ва шоистааш ӯро ба унвонҳои баланди давлатӣ шарафёб гардонидааст, ки  «Аълочии  ихтироъкорон ва ратсионализаторони ИҶШС» (1983), «Ихтироъкори  ИҶШС»  (1985), «Аълочии маорифи халқи ҶТ» (1991), медали  нуқрагии   НКХХ (ВДНХ, 1991), «Ихтироъкори  шоистаи ҶТ» (1992), ордени «Шараф» (1998) ва ғ. аз ҷумлаи он аст. Соли 2003 барои дастовардҳои бузурги илмӣ дар соҳаи кимиё ва технологияи ҳосилаҳои глисерин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия бо Ифтихорномаи комитети тадорукотӣ ва профессор Б.Ҳ. Кимсанов бо Дипломи дараҷаи Iқадршиносӣ гардидаанд.
Ёдат ба хайр бод устоди зиндаёд!

Бо эҳтиром шогирдон: 

М.Б.Каримов,

 профессор,

С.Э.Тағоева

С.И.Раҷабов

дотсентон

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj