Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо

Воқеан, инъиқоди Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини тоҷикон  муҳимтарин ва муассиртарин омили  расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате,  ки тайибист сол  ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай кард. Ҷомеаи мо тавонистааст, ки  дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кўтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд  шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, нерўҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурўҳӣ, маҳаллӣ  ва ғайра арзише надоранд.
Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣдар Тоҷикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, ўро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналхалқӣ робитаи чандҷониба устувор кард.
Имрўз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.  Аз ҷумла, иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СҲШ, САҲА, СҲИ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СММ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрўзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.
Дар маҷмуъ, сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм,  қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои муосир, ширкати амалӣ ва масъулона дар ҳалли мушкилоти минтақавию глобалӣ, масъалаҳои мухимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд,  ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди  бузурги миллӣ ва таърихист.
Ваҳдати миллӣмоҳият ва арзишҳои  худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддасу бузург мебошад. Чунончи Пешвои миллат борҳо изҳор доштаанд:  «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». 
         Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандўстиву инсондўстӣ, озодфикуриву илмдўстӣ, ваҳдати милливу дўстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳанговарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.  Барои он ки дар ҷомеа ваҳдат бошад, лозим аст, ки худшиносии мардум боло равад. Яъне, лозим аст, ки мо худро нек бишносем, аз гузаштаҳою имрўзи худ огоҳ бошем ва бар ояндаи худ хуб биандешем. Барои ин мебояд, ки сатҳи донишу маърифати мардум баланд бошад. Барои ин лозим аст, ки низоми маориф ва илму фарҳанги муосиру пешрафта дошта бошем ва сифати «сармояи инсонӣ»-ро беҳтар созем. Барои ин лозим аст, ки илму техника ва иқтисод пешрафт кунад, самарабахшии кор  ва даромади мардум боло равад… Барои ин лозим аст, ки мардум аз ҳуқуқу озодиҳои бештар бархўрдор бошанд, фасоду девонсолорӣ аз миён бардошта шавад, дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва қавонини хирадпазир ва рафтори нек ҳукмфармо гардад. Барои ин лозим аст, ки назму низоми иҷтимоиву иқтисодӣ  ва сиёсии кишвар на танҳо дар сухан, балки амалан ислоҳ гардад ва сиёсатҳои давлат  бар пояи адолат  устувор бошад. Зеро дар ҷойе, ки адолату ростӣ набошад, дар ҷойе, ки дурўғгўиву риё ва зўроварӣ ривоҷ  ёбад, дар он ҷо ваҳдат намешавад. Хуллас, таъмини рифоҳи иқтисодиву адолати иҷтимоӣ, маърифати баланду худшиносии мардум, ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии баён ва таҳаммулу мадоро муҳимтарин омилҳои ваҳдати ҷомеа мебошанд.
Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва  ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ў, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рўҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд.
Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.  Тавре Пешвои миллат  изҳор медорад: «Имрўз вақти он расидааст, ки омўзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрўзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад».
Мо дидаи кушода дорем, мебинем, ки дар гирду атрофи мо чи воқеаҳо руй дода истодаанд. Ба хотири ким-кадом идеяҳое, ки ба мазмуни воқеии он ҳоло ҳам сарфаҳм нарафтаем, миллатҳо парешон, мардум саргардон, овора ва маҳрум аз одитарин неъматҳои зиндагӣ гаштаанд.      Доду садоҳое дар атрофи он бардошта мешаванд, ки фаъолияти ин ё он ҳизб манъ карда шудааст, ин ё он ба истилоҳ «ходими сиёсӣ» ё сарвари ҳизб аз тарси таъқибу фишор худро ба беруни марз задааст. Аммо боре ҳам таҳлил накардаем, ки онҳо ҳам (ки пеш мухолифинашон мегуфтем) аз ин неъмат ва шароити мусоиди сулҳ эҷод карда, ба хотири пешрафт ва ислоҳи ҷомеа истифода накарданд, аз мақоми хеш дар парлумони кишвар ҳифз накардаанд ва чун натиҷа мавқеи худро дар интихоботҳо аз даст додаанд. Канӣ он барномаву пешниҳодҳои конструктивии ин ҳизбҳову гурўҳҳои «ватанхоҳ» дар  роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии мо. Ё фақат онҳо мазмуни муборизаро дар изҳоротҳову гўшанишиниҳо ва эътирозҳо ва ҳам кумакпурсиҳо аз «хоҷагони хориҷӣ»- и хеш мебинанд. Чаро ин гуна муборизон боре ҳам андеша накардаанд, ки сабаби асосии ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани ҷомеаи солҳои навадум ин фарҳанги пасти сиёсии ҷомеа буд. Ва чаро дар роҳи ислоҳи он  ва ташаккули фарҳанги сиёсии ҳамсафон ва пайравони хеш кўшиш накарданд ва ягона роҳро дар ислоҳи ҷомеа дар кўшиши табаддулот дидаанд.
         Чизи дигаре, ки мехостам сари он андеша намоем, оид ба маърифат ва шинохти динии мо мебошад. Фаромўш набояд кард, ки дар овони истиқлолиятхоҳӣ ва воқеаҳои солҳои навадум неруҳои бо ном демократӣ ва миллатхоҳ бо сабаби заъфи сиёсиву иҷтимоии хеш ташаббусро ба дасти неруҳои тундрав ва қудратталаби  «ҳомиёни дин» доданд ва чун онҳо дар ниҳоди хеш аз андешаи таҳаммулпазирӣ ва маърифатгароӣ ҷойе надоштанд, даст ба муқовимати рўирост заданд ва натиҷаи онро дидем. Имрўз фаромўш кардаем, ки силсилаи иқдому чорабиниҳое, ки Сарвари давлат ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон тайи ин бист сол баҳри эҳёи дин ва маърифати динии мо, эҷод ва ташаккули ниҳодҳои ташкилотиву маърифатии дини ислом дар кишвари мо амалӣ кардаанд, намунаи худро дар дигар кишварҳо надоранд. Аммо гурўҳҳои ҷоҳталаб ва қудратхоҳи ба истилоҳ «ҳомиёни дин» ба чи кор даст заданд. Чаро дар  роҳи боло бурдани маърифати динии ҷавонон ва таъмини ваҳдати мазҳабии мо иқдоме накардаанд. Чаро пеши роҳи тундравшавии мазҳабии ҷавонони моро намегиранд ва бо ниҳодҳову мақомоти расмӣ ҳамкорӣ намекунанд. 
Ва ниҳоят чанд андешае оид ба он ки дар ба ҳам овардани миллати мо ва таъмини сулҳу субот ҳамсоягон ва кишварҳои  қудратманди бо мо дўсту наздик саҳми худро гузоштаанд. Инро ҳеҷ кас  инкор накардааст ва инкор ҳам карданӣ нест. Аммо он  чиз боиси нигаронист, ки имрўз ҳам онҳое ёфт мешаванд, ки сари ин масъала бармегарданд, аз нав миннат мекунанд ва шикваҳо ҳам аз «беқадриву ношукриҳои мо»  мекунанд.
Донишмандону мунавварфикрони мо, бахусус ҷомеашиносону сиёсатшиносони моро зарур аст,  ки ҳамеша ба ин гуна садоҳо, андешаҳо ҷавоб гўянд, мақолаҳо нависанд, таҳлилҳое рўйи коғаз оранд. Ва бояд хати меҳварии ин навиштаҳои мо он бошад, ки он корнамоиву ҷонсупориҳое, ки фарзандони ростини миллат бо Пешвои миллии худ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҷоди сулҳ ва ризоияти миллӣ ба сомон расонданд, ба силсилаи асару достонҳо ва тадқиқотҳои илмӣ меарзанд ва бояд солиёни зиёде мавриди таваҷҷуҳ ва бозомўзии андешамандон бошад. Барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем  ва дигар ба иштибоҳоте , ки дар солҳои 90-ум карда будем, роҳ надиҳем, бояд ба гуфти донишманди маъруфи тоҷик устод Абдунабӣ Сатторзода: «Онро ҳаматарафа омўхт ва дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таълим дод».
Соли чаҳорум аст, ки дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дарси «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон» таълим дода мешавад. Ин дарсро шоҳид ва иштирокчии бевоситаи равандҳои гуфтушуниди байни тоҷикон, донишманд, сиёсатшинос ва дипломати маъруф Абдунабӣ Сатторзода мегузарад. Гумон меравад, ки ташаббус  боиси дастгирист ва дар донишгоҳҳои дигар низ ба хондани чунини дарсҳо иштирокчиён ва шоҳидони бевоситаи раванди сулҳи тоҷикон бояд ҷалб карда шаванд.
Бо ташаббуси баъзе кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ чанд лоиҳаи вижае оид ба омўхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик таҳия шудаанд, аз қабили тарҳҳои Муколамаи бардавом, муколамаи минтақавӣ ва муколамаи миллӣ дар чаҳорчўби Конфронси Дармут аз ҷониби бунёди Кеттеринг ва Институти байналмилалии муколамаи устувори ИМА, «Эҷоди роҳҳои сулҳсозӣ дар муколама оид ба ҳамзистӣ ва ҳамфикрии фарҳанг ва тамаддунҳо дар қаламрави САҲА» ё лоиҳаи Арне Зайферт аз тарафи Вазорати хориҷии Олмон ва Маркази таҳқиқоти САҲА дар Ҳамбург, «Муколамаи диниву дунявӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария ва монанди инҳо. Дар доираи ин лоиҳаҳо чанд китоби арзишманде бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ ва англисӣ ба чоп расиданд, ки аз ҷониби коршиносон ва донишмандони ватаниву хориҷӣ ба хубӣ пазируфта шуданд ва бо ҳамин заминаи мусоиди назарӣ ва амалиро барои омўзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи сабақҳо ва дастовардҳои сулҳи тоҷикон ва ба мардуми тоҷик дастрас намудани онҳо фароҳам сохтанд.

Бо вуҷуди ин ба андешаи мо корҳои то имрўз анҷом додашуда нокифоя буда, воқеияти ин раванди мураккаб ва пурпечутоби тақдирсозро бо пуррагӣ ва дуруст инъикос карда наметавонанд.  Ҳамчун як ҷомеашинос ва устоди донишгоҳӣ мехостам, ки ҳамеша дар навиштаҳо ва гуфтугўҳову дарсҳои хеш чанд нуктаро вобаста ба Ваҳдати миллӣ доимо дар лавҳи насли имрўз устувор намоем.
Х. Самиев,
 устоди кафедраи  муносибатҳои байналхалқӣ
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj