Рўзи Президент - иди миллӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад, Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад,  Шўрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад, ба қонунҳо имзо мегузорад, низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд, ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад, ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд, сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад, масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад ва  ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

Дар Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, № 753 (бо тоғйру иловаҳои соли 2016) 16 ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рўз барои мардуми Тоҷикистон рўзи иди корӣ дониста мешавад.

Заминаи таърихии ин ид иҷлосияи XX Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикиситон ҳамчун рўзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст. Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва беҳтар шудани дараҷаи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, давом додани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омад.     

Муҳимияти таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо ҷавонон бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар,  талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ў ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 25 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид; қонунгузории миллии худро бунёд намуд; низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ва суд ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуд; 15 санади авф қабул шуд ва муқаррароти онҳо ба зиёда аз 115 ҳазор нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва таҳти тафтиш қарордоштагон татбиқ гардиданд; сатҳи камбизоатиро то 31 фоиз паст намуд ва маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд; вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ беҳ гардид, ки дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт; 161 муассисаи типи нав, аз ҷумла 85 гимназия ва 65 литсей, 9 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 39 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд; маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз 960 ҳазор сомонии соли 1991 ба 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ дар соли 2016 расонида шуд; барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба як миллиону 300 ҳазор оила, яъне ба зиёда аз 7 миллион нафар шаҳрвандон 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд ва барои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти соҳа бо фармонҳои Президенти кишвар ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд ва ин иқдом имконият дод, ки талаботи аҳолӣ ба аксари маҳсулоти ниёзи аввал таъмин гардад; шумораи истифодабарандагони алоқаи телефонӣ ба 11,2 миллион расида, шумораи муштариёни интернет зиёда аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад; бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дўстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷабҳа ба роҳ монда шуд; музди меҳнати ҳадди ақал аз 3-17 сомонӣ соли 1991 то ба 400 сомонӣ дар соли 2016  баробар гардид; агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 расидааст; барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, аз ҷумла зиёда аз 1300 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба истифода дода шуд ва НБО Роғун ба иқтидори 3600 мегаватт ба истифода дода хоҳад шуд; дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд ва айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад; дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд; беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд гардид; дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 миллиард сомонӣ (баробар ба 8,1 миллиард доллари амрикоӣ) сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ (баробар ба сеюним миллиард доллари амрикоӣ) сармоягузории мустақим ҷалб гардид, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ ва инфрасохтори дигар равона шудааст; бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нўшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст; суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт; бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст; дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ  татбиқ гардид ва айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ  амалӣ шуда истодааст; 30 намояндагии дипломатии худро дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмўъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҷойгир намуд; ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад; ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо, иҷро менамояд; бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст; се ташаббуси  бузург дар соҳаи об  дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд, аз ҷумла эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”; инчунин соли 2016 ба узвияти Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидааст ва мавқеъ ва дидгоҳи худро дар   амалияи сиёсӣ борҳо намоиш додааст.

Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукўҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. 

Дониёр САНГИНОВ,

 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ 

ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, 

номзади илмҳои ҳуқуқ, 

дотсент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj