Парчам – пайванди имрўзу фардо, ишорае ба ормонҳои миллӣ

24-уми ноябри соли 2009 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни нави миллӣ - Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Соли равон маротибаи шашум мешавад, ки мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик бо ифтихор аз тамаддуни оламгири пешин ва шукргузорӣ аз ваҳдату суботи имрўз ба Парчами миллӣ-яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллии хеш арҷ мегузорад. 

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зеҳн ва тафаккури мардум ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз устувор шудааст, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошт. Дар баробари ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, авфи гуноҳи иштирокдорони муноқишаҳои дохилӣ, дарёфти роҳи наҷоти миллат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва мушаххас намудани самтҳои рушди кишвар дар рўзи 9-уми иҷлосия - 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии мамлакат, ки сароѓози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён исбот кард, ки эҳёи давлати миллии тоҷикон аз эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ-Парчами мамлакат оѓоз ёфта, роҳбарияти олии он нияти неки зери ин Парчам муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаистиқлолро дорад.

Ниҳоят баъди пурра ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки тибқи он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд, ки дар он тартиби афрохтани Парчам ва  ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд. Қонуни мазкур 12-уми майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори ин қонун оварда мешавад, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». 

Инчунин, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонунеро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуд, ки тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таѓйирот ворид шуда, 24-уми ноябр ҳамчун рўзи ид эълон карда шуд. Қонуни мазкур 19-уми ноябри соли 2009-ум қабул шуда, тибқи моддаи 2-юми он, ки «Рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, 24-уми ноябр - Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон шудааст. 

Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дўст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст. Тамоми маҳбубиятҳо назди маҳбубияти Ватан ҳеҷанд, алоқае шадидтар аз меҳри Ватан нест. Аз таҷрибаи давлатдории кулли кишварҳои олам аст, ки мардумони тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла Парчам ифода мекунанд. Парчами парафшон ифодаи ободии ватан ва акси он таназзули ҳар мамлакат аст. 

Дар ганҷинаи забони тоҷикӣ шояд аз калимаи «парчам» дида, сермаънотар вожае набошад. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум… Парчам пайванди дирўзу имрўз, қутбнамои фардои нек, ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагӣ…

 Бояд таъкид намуд, ки ойини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят  кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми парчами миллӣ қарнҳост, ки дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст. 

Парчами миллӣ, қабл аз ҳама, нишонаи возеҳи мустақилият ва соҳибихтиёрии ҳар қавму миллат ва сарзамин аст. Дар ҷаҳони имрўз ҳар кишваре, ки соҳибихтиёр аст, дорои парчам, нишон ва суруди хеш аст. Гуногунрангии парчамҳо гувоҳи шумораи зиёди кишварҳо ва аломатҳои гуногуни дар парчамҳо сабтшуда гувоҳи тамаддуну фарҳангҳои аз ҳам фарқкунандаи давлатҳост. Ин рангорангии манзараро дар Созмони Милали Муттаҳид дидан мумкин аст, ки ба он 193 кишвари олам аъзо буда, ҳамин миқдор парчамҳои миллии кишварҳо болои бинои он парафшонӣ мекунанд. Мояи ифтихори мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 инҷониб дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳаққи узвият дошта, яке аз давлатҳои ташаббускор дар ҳалли муаммоҳои байналмилалӣ ба шумор меояд.

Дар Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №892 аз 11-уми дека¬бри соли 1999, ки тибқи он Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, гуфта мешавад, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». 

Дар ин ҷумла вожаи калидиеро дучор меоем, ки он рамз аст. Маълум мешавад, ки моҳияти парчам рамз аст ва рамз бошад, таҷассуми истиқлолият. Аз ин хулоса мешавад, ки то мазмуну мўҳтавои рамз дарк нашавад, парчам ҳамчун як ашёи муқаррарӣ тасаввур хоҳад шуд, тасаввур бошад, бунёди андешаро ташкил медиҳад. 

ХОСИЯТИ РАМЗҲО

Пўшида нест, ки муқаддасияти Парчамро рамзҳояш ифода мекунанд. Пас, хосияти рамз аз чӣ иборат аст? Дар фаҳмиши муқаррарӣ рамз сухани пўшидамаъноро мегўянд, сухане, ки мазмуни таҳтонӣ дорад ва дар пасманзари он маънову мўҳтавои баланд дар назар дошта мешавад.

 Табиати инсонӣ чунин офарида шудааст, ки ҳар мафҳуми муҷаррадро дар шакли образҳои мушаххас тасаввур мекунад. Маса¬лан, идеяи сулҳ дар шакли кабутари Пикассо, шаъну шарафи инсонӣ дар шакли гулчанбари сар ё тоҷи ифтихор, сешоха дар асотири юнонӣ - рамзи Посейдон ё Нептун аст. Муҷассамаи зани чашмбаставу дар як даст тарозу ва дар дасти дигар шамшери урён рамзи адолати судӣ ба шумор меравад. Дастфишории ду нафар - рамзи бародариву ваҳдат аст… Дар парчами давлатии Ҷопон доираи сурхе ҳамчун рамзи кишвари тавлиди офтоб тасвир шудааст.

Динҳои ҷаҳонӣ низ ба худ муносиб рамзе доранд, масалан,  моҳияти дини насрониро салиб ва дини мубини исломро нимаи моҳ ифода мекунанд. Ҳамаи инҳо аломатҳои шартии мафҳумҳо ва идеяҳо  ҳастанд ва вазифаашон ҳамин аст, ки ин ё он андешаи волоро дар маѓзи сари инсон мушаххас мекунанд.

Одатан, рамзҳоро аломатҳо таркиб медиҳанд, ки ҳар яке сермаъно буда, ташаккули ин ё он ақида ё консепсияро ба вуҷуд меоранд. Рамзи Иттиҳоди Шўравӣ досу болѓа буд ва иттиҳоду якпорчагии синфи коргару деҳқонро мефаҳмонд. Баъдан табақаи зиёӣ зуҳур кард ва идеологияи  шўравӣ натавонист, ки ин маъниро шомили рамз кунад. 

Муҳимтарин хосияти рамз ҳамин аст, ки моҳияти фарҳангӣ дорад ва маъниҳои рамз аз имконоти фикрии як инсони муқаррарӣ хеле болотаранд. Аз ҷиҳати равонӣ ё психологӣ низ рамз як шакли шуур, масалан, мисли шеър аст, механизми пси¬хикие мебошад, ки интиқол ё ивазшавии як навъи образҳо ва тасаввуроти обурангдодашудаи ҳиссиро бо дигараш таъмин мекунад. 

РАМЗҲОИ ПАРЧАМИ МО

Моҳияти асосии Парчам дар баёни ормонҳои миллӣ фаҳму дарк мешавад. Бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванд, пешрафту шукуфоии кишвар ва бахту саодати ҳар як сокини Тоҷикистон ормонҳоест, ки дар Сарқонуни мамлакат зикр шудаанд. Табиист, ки роҳи расидан ба камолоти давлату ҷомеа хеле тўлонист. 

Парчами давлати мо, мисли дигар парчамҳои кишварҳои ҷаҳони имрўз, ишора ба ормонҳо мекунад. Ба таври хеле одӣ рамзиёти  парчамро чунин шарҳ додан мумкин аст:

РАНГИ СУРХ: Мо қабл аз он ки ба истиқлол бирасем, роҳи тўлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи диёр тай кардем, ки ин маънӣ аз ранги сурхаш бармеояд. 

РАНГИ САФЕД: Ҷавҳари миллати куҳанбунёди моро озодагӣ, олиҳимматӣ ва покизагии дину ахлоқу маънавият ташкил медиҳад, ки ин ишора ба ранги сафеди парчам аст.

РАНГИ САБЗ: Заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ин ишора ба ранги сабзаш аст. 

Ба ёд биёрем, ки даҳҳо миллатҳои ҷаҳон тавассути забти сарзаминҳои дигар, мулкҳои ободи дигар пешрафту дороии хешро афзун карданд. Моро ҳарчанд саркўб мекарданд, боз аз дарун месабзидем, чунки тамоми таълимоти ақидатии пешину ҳозир рўҳи бешикастро дар ниҳоди мардуми мо тар¬бия ва ҷойгузин мекард. Аз таърих далелҳои зиёде овардан мумкин аст, ки маҳз аҷдодони бузурги мо бори нахуст аз саҳрогардӣ ба муқимӣ шудану машѓулият ба кишоварзӣ пардохта буданд. «Ҳар кӣ ѓалла бикорад, кори муқаддасе ба иҷро мерасонад», зикр мешавад дар «Авасто». 

Тоҷи 7 ситорадоре, ки дар маркази парчам аст, ишора ба таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи давлатдорӣ мекунад. Падари таъ¬рих Геродотро ба хотир биёрем, ки аз роҳу равиши давлатдории мо ба ҳайрат омада буд, ҳатто тарзу усули таълим дар академияҳои дониш баъдан ба Юнони бостон интиқол дода шуданд. Арабҳо дар марҳилаҳои авва¬ли истилои Моваруннаҳру Хуросон низоми давлатдории сосонии моро қабул ва ҷорӣ намуданд. Ин ишорате кўтоҳест ба мўҳтавои тоҷи каёнӣ, ки дар маркази парчам аст. Аммо он чи ки гуфта шуд, як шакли содаи дарки он маъниву аломатҳоест, ки дар парчами кишвари мо мавҷуданд.

НИГАРИШЕ БА ТАЪРИХ…

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар натиҷа, комиссияи махсус барои таҳияи Пар¬чами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. 

ҲИКМАТИ РАНГҲО

Аз замони эъ¬лони лоиҳаҳои парчам муаллифони гуногун ба таърих мутаваҷҷеҳ шуданд ва як унсури асосӣ - меросбарӣ ё ворисияти таърихиро ба инобат гирифтанд. Аз ибтидо ранги сурх набуд, ҷигарӣ буд. Баъдан ба ҷойи ранги ҷигарӣ ранги сурх ҳамроҳ шуд ва онро ба се маънӣ тафсир намудан мумкин аст: офтоб, ѓалаба, тантана.

Ранги сафед - покии маънавиёти мардум, ишора ба қуллаҳои сафед, ба ин маънӣ, ки нисфи ҳудуди сарзамини Тоҷикистон дар баландии беш аз 3000 метр ҷойгир аст. 

Ранги сабз – олиҳимматии табиати нотакрори ин сарзамин. Агар чуқуртар ба таърих назар андозем, мебинем, ки ҳанўз дар «Авасто» ҳамин се ранги маъмул – сабзу сурху сафед се табақаи асосии ҷомеаи ҳамонвақтаро ифода мекард – ҳарбиён бо ранги сурх, рўҳониён бо ранги сафед, кишоварзону чорводорон бо ранги сабз таҷассум меёфтанд. 

Ѓайр аз ин, шарҳи дигари ин рангҳо ба вуҷуд омад, ранги сурх - озодӣ ва истиқлол, сафед - сулҳу осоиш, сабз - беҳбудӣ ва ободӣ…. 

Тафсири дигари рангҳои Парчам: сурху сафеду сабз - озодӣ, оромӣ, ободӣ… 

Дар «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ омада, ки ранги сафед - ранги рўз аст ва аз он ҷамъиятест, ки дилашон равшан ва синаашон аз кудурратҳо соф бошад. Сафед ифодаи субҳи содиқ, яъне рўшноибахш… ранги сабз - ифодаи сабза ва об, олиҳимматӣ ва зиндадилӣ, монанди об ҳаётбахшу дилпазир…

ҲИКМАТИ РАҚАМИ 7

Дар таърихи тамаддуни миллии мо рақами 7 ҷойгоҳи махсус дорад, ки тамоми паҳлўҳои илм ва маърифату фарҳангро дар бар гирифтааст. Инак, баъзе тафсирҳои он: 7 сайёра, 7 авранг (ишора ба ситораи ҳафтдодарон), 7 айвон (киноя аз ҳафт осмон), 7 узви инсон (сару синаву шикаму ду дасту ду пой), 7 ганҷ (тилло, нуқра, қалъагӣ, сурб, оҳан, мис, биринҷӣ), 7 хазинаи шоҳони каёнӣ, 7 гунбади Баҳроми Гўр, 7 баҳре, ки хушкиро иҳота мекунад (Чин, Уммон, Аҳмар, барбар, Уқёнус, Миёназамин, Сиёҳ), 7 минтақаи олам, ки ба 7 ситора мансуб буд (Ҳинд ба Зуҳал, Чин ба Муштарӣ, Турк ба Миррих, Хуросон ба Шамс, Мовароуннаҳр ба Зўҳра, Рум ба Аторуд, Балх ба Қамар), 7 осиё (киноя ба 7 фалак), 7 пардаи чашм (мултаҳама, қарния, инабия, анкабутия, шабакия, машима, сулбия), 7 қалам (ишора ба 7 навъи хат - сулс, муҳаққиқ, тавқеъ, райҳон, риқоъ, насх, таълиқ), 7 хони Исфандиёр, 7 хони Рустам, 7 ҷўш (металли сахте, ки аз 7 фулуз омода мекарданд), 7 шаҳри ишқ (ишора ба ирфони Саноиву Аттор)… 

Ҳафт ситора дар атрофи тоҷ дар ибтидо - таҷассуми 7 шоири варзида, баъдан 7 минтақаи сарзамини Ориё ва яке аз маъниҳои муосираш - 7 минтақаи таърихи¬ву фарҳангии Тоҷикистони имрўза - Суѓд, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Хатлон, Рашт, Бадахшон…

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – МЕРОСБАРИ «ДИРАФШИ КОВИЁНӣ»

Таърих гувоҳ аст, ки расму ойини парчамдории тоҷикон ибтидо аз даврони ориёӣ ва салтанати Куруши Кабир мегирад. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон низ маҳз ба ҳамин шаҳриёр тааллуқ дошт. Дар мавриди парчам дар фарҳанги ниёгони мо маълумоти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ беназир аст. Дар ин ёдгории беҳамтои таъриху фарҳанг рўҳи бешикасти аҷдодони мо, адолатпарварӣ ва эҳсоси қаҳрамононаи ҳимояти марзу бум аз истилогарон хеле муассир таҷассум ёфтааст. Тибқи иттилои «Шоҳнома», мардум баъди фармонравоии бераҳмонаи Заҳҳоки аҷнабӣ зери роҳбарии Коваи оҳангар ба по хестанд ва маҳз пешдомани чармини Коваи қаҳрамон нахустин парчами озодихоҳон будааст. Ҳамин аст, ки ин парчамро «Дирафши ковиёнӣ» ном ниҳода буданд. Баъди таназзули Заҳҳок Коваи оҳангар Фаридунро аз сулолаи Пешдодиён ба тахт нишонд. Фаридун парчами Коваро бо ситораи дорои чор шуои тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо ва рангҳои сурху зарду бунафш оро дод ва онро «Ахтари Кова» номгузорӣ кард. Инак, каломи Фирдавсӣ:  

Фурў ҳишта з-ў сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дурафш».

Ва ҳар подшоҳе, ки меомад, дар он гавҳару ороише илова мекард:

Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ,

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояву парниён, 

Бар он гуна гашт ахтари ковиён.

  Бино ба маълумоти Табарӣ, ин дирафш аз пўсти паланг буда, 8 араш (ваҷаб) арзу 12 араш тўл дошт. Баъди сари Фаридун мамлакат ба се писари ў - Салму Тур ва Эраҷ тақсим шуд. Дирафши ковиёнӣ баъдан ливои Эраҷ ва меросбарони ў - парчами шоҳони Каёнӣ гардид. Бино ба маъхази дигар, ин дирафш то замони шоҳ Яздигурди Сосонӣ побарҷо буд ва ба ниёгони бузурги мо роҳнамоӣ мекард… 

Бояд гуфт, ки ҳоло дирафши ковиёнӣ дар маркази штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи абадият ва ворисияти  таърихии давлатдории миллии халқи тоҷик тасвир шудааст…

Як ҳикмати рамз ҳамин аст, ки тавассути он инсон муҳити атрофро мураттаб намуда, аз сўи дигар - ҷомеаи башариро муттаҳид месозад. Парчами Тоҷикистон низ мардуми шарафманди тоҷикро муттаҳид намуда, ба қуллаҳои баланди мақсуд мерасонад. Аз ин рў, эҳтироми Парчам ва ифтихор аз он бояд ба одати ҳамешагиии ҳар як шаҳрванди ин мамлакат табдил ёбад. Зеро арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ маънои эҳтироми тамоми арзишҳои миллат аз оѓози таърих то ба имрўзро дорад. 

ҲАФИЗ РАҲМОН

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj