Назаре ба таърихи Конститутсия

Баъд аз чандин соли дур аз идоракунӣ миллати тоҷик ба шарофати фарзандони фарзонаю барумандаш ва ватандўсту фидоияш боз дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардида, 9-уми cентябри соли 1991 бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодӣ ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта Истиқлолияти худро  ба даст даровард ва расман  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқ баромад намуд. Аз соли 1991 соли бунёдӣ ва давраи шукуфоии  Тоҷикистон оѓоз гардид. Барои дар сатҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровардани соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон давлатро зарур буд Конститутсияи миллии худро қабул намояд. Инчунин, муносибатҳои нави сиёсии ҷомеа тақозо мекарданд, то дар мамлакат Конститутсияи нав қабул гардад. Бо ин мақсад комиссияҳо оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нав созмон дода шуд. Вале мутаассифона вазъи номусоиди сиёсии кишвар имкон надод, то Комиссияҳои мазкур ба натиҷаи мусбат ноил гарданд. Барои  Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг баровардан, сохти конститутсиониро муҳайё сохтан, миллатро сарҷамъ намудан ва халқро ба сулҳу оромӣ даъват намудан шахсе лозим буд, ки ҳамаи ин масъулияти таърихиро бар дўши худ гузораду  Истиқлолиятро ҳифз карда тавонад ва манфиати давлату миллатро болотар аз манфиатҳои шахсӣ гузорад. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии кишвар ба кори худ шурўъ намуд, ки 19-уми ноябр  дар Иҷлосияи мазкур масъалаи интихоби Сарвари давлат гузошта шуд ва  Эмомалӣ  Раҳмон  аз байни вакилони ҳузурдошта ҳамчун раиси Шўрои Олӣ ва ҳамзамон Сарвари давлат интихоб гардид.  Маҳз дар чунин вазъияти мушкили ҳассоси сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон  масъулиятро барои ояндаи давлату миллати тоҷик ба зиммаи худ гирифт.  Сарвари кишвар аз рўзҳои аввали ба вазифаи худ шурўъ намудан  хеле хуб дарк мекард, ки фазои ҳуқуқии кишвар рў ба пастӣ овардааст ва барои мукаммал гардонидану дар сатҳи ягона ба танзим даровардани системаи ҳуқуқии кишвар, ҳамзамон барои халосӣ аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани созиши миллӣ, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав лозим ва аввалиндараҷа аст. Дар ин асос соли 1994 аз тарафи раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Комиссия  оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия ташкил шуда, назорат ва сарварии он бевосита ба  уҳдаи Раиси Шўрои Олии кишвар гузошта шуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби халқ  хеле хуб дастгирӣ ёфта, фикру мулоҳизаҳои эшон дар бобати баъзе аз меъёрҳои он пешниҳод карда шуд. 6-уми ноябри соли 1994 лоиҳаи  Конститутсияи мазкур ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуд, ки ба тарафдории Конститутсия аз 94,4 фоизи иштироккунандагон 87,59 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ овоз дода моҳиятан роҳи тараққиёти ояндаи худро муайян карданд. 

        Конститутсияи соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон назир надорад, чунки то ин вақт сохти давлатдорӣ тамоман дигар буд. Акнун  Конститутсияро ба таври биное шабоҳат додан мумкин буд, ки аз рўйи он сохтумонро оѓоз кардан лозим меомад. Бо дарназардошти талаботи рўзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин, бо тақозои меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳон ва зарурати таъсис додани Парламенти касбӣ ва доимамалкунанда, ҳамзамон бо мақсади ба даст овардани созиши миллӣ ба Конститутсия ду  маротиба солҳои 1999 ва 2003 таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Таѓйиру иловаҳои воридгардида имкон фароҳам овард, то дар мамлакат Парламенти касбӣ ва доимамалкунанда ташкил карда шуда, барои таъмини одилонаи адолати судӣ шароити мусоид фароҳам гардад. Дар натиҷаи таѓйирот инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дониста шуда, таъсиси ҳизбҳои динӣ ва характери атеистидошта иҷозат дода шуд, ки ин вобаста ба ноил гаштан ба ҳадафҳои демократӣ, ки яке аз нишонаҳои асосии он гуногунандешии сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад, замина фароҳам меорад.  

   Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад (моддаи 1). Ин меъёр ҷавобгўи ҳадаф  ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам ҷонибдорӣ менамуданд, ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеалогиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Мувофиқи Конститутсия (Сарқонуни) Тоҷикистон худро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, шароити арзандаи зиндагии озодонаро кафолат дод, ки ин барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахўрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. 

     Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, табиист, ки таѓйир меёбад, ба он меъёрҳои ҷавобгўи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ илова карда мешаванд.  Дар боби даҳум бо номи “Тартиби таѓйири Конститутсия” тарз ва тартиби ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба он пешбинӣ гардида, муайян менамояд, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат таѓйирнопазиранд.

      Хулоса, Конститутсия фарогири тамоми арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа,  ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб меравад. Меъёрҳои он ба ташаккули соҳаҳои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории кишвар мусоидат намуда, дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ мавқеи назаррас доранд. Мавқеи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузории кишвар басо муҳим ва аввалиндараҷа мебошад, зеро таҳкурсии тамоми қонунҳо ва заминаи пайдоиши соҳаҳои ҳуқуқ аз меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)  вобастагӣ дорад. 

     Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу осоиш имсол мардуми шарифу сарбаланди тоҷик бо камоли баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҷашни 21-солагии Конститутсияи (Сарқонуни)  миллии худро ҷашн мегиранд. Мо ҳеҷ гоҳ ранҷу заҳматҳои фарзандони фарзонаи ин халқро, ки дар роҳи бунёди сохтори конститусионӣ ҷони худро дареѓ надошта, хизматҳои шоиста кардаанд ва ҳамчунин он нафаронеро, ки дар ин роҳ қурбон гаштаанд, фаромўш нахоҳем кард. 21-солагии Конститусияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак! 

А. Самиев, 

донишҷўи курси 4, 

факултети ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj