МУҲОКИМАИ КОРҲОИ ИЛМӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ АСПИРАНТОН

Дар асоси «Оиннома»-и Донишгоҳи миллӣ дар факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи умумидонишгоҳии аспирантону унвонҷӯён ба роҳ монда шудааст. Муддатест, ки дар асоси нақшаи омодагаштаи бахши илми донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба илм, профессор С. Сафармамадов, мудири бахши аспирантура
 
ва докторантураи донишгоҳ К. Манонов ва садорату масъулини дахлдори сохторҳои донишгоҳ муҳокимаи ҳисоботи солонаи бахши илм, инчунин, аттестатсияи аспирантони шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона ва унвонҷӯён гузашта истодааст. Гуфта мешавад, ки баргузории чунин ҷаласаҳо то охири моҳи ҷорӣ идома намуда, натиҷаи он дар Шӯрои навбатии олимони донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj