МУВАФФАҚИЯТИ ДИГАРИ ЁСУМАН

Чи тавре аз расонаҳои ватаниву хориҷӣ маълум аст, хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исмонзода Ёсуман бо маҳорати зеҳнии худ дар илми ҳисоб дар барномаи «Одамони аҷиб» (Удивительные люди), ки аз ҷониби шабакаи телевизонии Федератсияи Русия – «Россия 1» намоиш дода мешавад, иштирок намуда, аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳои баланд гирифта буд. Ҳамзамон, ӯ ба олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ – “GeniusKid-2017” (Кӯдакони нобиға), ки санаи 3-юми ноябр дар шаҳри Москва доир гардид, роҳхат гирифтанд. Исмонзода Ёсуман дар олимпиадаи мазкур, ки аз ҷониби дастаи Академияи арифметикаи зеҳнии Тоҷикистон иштирок намуда, ғолиби ҷойи аввал гардид.
 
Дар робита ба ин имрӯз (08.11.2017) дар ҷаласаи раёсати ДМТ,  аз ҷониби ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. ба Исмонзода Ё. барои дар олимпиада муфаффақ гаштанаш “Ифтихорнома”-и ДМТ супорида шуд. Инчунин, ректори донишгоҳ Имомзода М.С. таъкид намуд, ки дар асоси пешниҳоди директори литсей, розигии раёсати донишгоҳ бо фармоиши ректори ДМТ аз 08.11.2017 (№06-2824-6ст) Исмонзода Ёсуман Ҳайдар бо назардошти иштироки фаъол дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, соҳиб гаштани ҷойи аввал дар олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ - “GeniusKid-2017”  (Кӯдакони нобиға) дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  ва одобу ахлоқи намунавӣ доштан аз пардохти минбаъдаи таҳсил (барои  синфи 9, 10 ва 11) озод карда шавад.
 
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз бо ташаббуси директори литсей Ш. Ғаффоров ҷамъомади пагоҳирӯзии литсей дар сатҳи баланд бо иштироки сардори раёсати таълими ДМТ Азиззода Убайдулло доир шуда, ба Исмонзода Ё.  “Ифтихорнома”-и литсей ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj