МЕҲРИ МОДАР

Модар калимаи ба ҷону дил баробарест, ки номи бузурги ўро ҳар як пиру ҷавон ба забон меорад. Модар калимаи ширину дилангез аст. Модар ба мисли замин якто ва танҳо,  муҳаббати ў барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст. Модар барои ҳар як шахс азизу муќаддастар аз ҳама мавҷудоти рўйи олам аст. Навозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст, барои фарзанд. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё фарзандро ба дунё меорад. Модар чароѓу чашми хонадон, ганҷи бебаҳост ва барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ѓамхор ба ҳисоб меравад.

Модар панҷ харф ҳасту пур аз маънӣ: М-меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд; О-оѓўши гарму нарми модар, ки ҳар як тифл ба он ниёз дораду бе он наметавонад ба воя расад; Д-дарду азоби модар, ки дар тўли 9 моҳ дар батн доштани фарзанд мекашад; А-ашки хурсандии модар, ки ҳангоми ба дунё омадани фарзанд ҷорӣ мешавад; Р-ранҷу машаќќат ва кўшиши модар барои хуб ба воя расидан, сиҳатманд будан ва соҳиби маърифат шудани фарзанд.

Пас, фаромўш набояд кард, ки хизмат кардан ба модар ҳам фарз ҳсту ҳам ќарз.

Машҳура ОДИНАЕВА, 

донишчуи курси 1

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj