Конститутсия – роҳнамои мо

Ба ифтихори 21-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони ДМТ бо иштироки васеи аъзои Шўрои олимон ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабини ду масъала- таҷлили Рўзи Сарқонун ва баррасии вазъи фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявию ташкилии мудирони кафедраҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ибтидо ректори донишгоҳ академик Имомзода М.С. аҳли нишастро ба ин санаи тақдирсози миллат - қабули Сарқонуни ҶТ табрик намуда, қабули онро яке аз рўйдоди муҳимми таърихӣ арзёбӣ намуд. 

Сипас номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти факултети ҳуқуқшиносӣ Қ. Қурбонов дар бораи аҳмияти сиёсӣ ва иҷтимоии қабули Конститутсияи ҶТ, инчунин, хусусияти конститутсия ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон маърўза намуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки «Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон  нақши муҳим бозидааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ном бурда шудааст. Қабули   он дар таърихи навини кишвар руйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат  риоя, эътироф ва ҳифз менамояд.  Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад»...

Вазифаи мудирони кафедра

Ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ва муовини ректор оид ба илм, профессор С. Сафармамадов роҷеъ ба масъалаи дуюми ҷаласа, яъне баррасии вазъи фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявию ташкилии мудирони кафедраҳои донишгоҳ ва муайян намудани уҳдадориҳои вазифавии минбаъдаи онҳо суханронӣ намуданд. 

Дар ҷаласа, аз ҷумла, қайд гардид, ки мудирони кафедраҳоро лозим аст, ки нисбат ба корҳои таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷиддӣ муносибат намуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шавад. Бо мақсади шикасти қолабҳои куҳнаи анъанавӣ фаъолияти худро дар самти ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар сохтани фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотии кафедра ҷоннок намоянд. Ба таҳияи китобҳои дарсӣ, васоиту дастури таълимӣ ва барномаю силабус аз ҷониби омўзгорон дар кафедраи вобасташуда диққати махсус дода, дар таъмини ихтисоси назди кафедра бо маводи таълимию методӣ масъул бошанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо назардошти ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва гузаштан ба низоми сезинагии таълим ба рушди магистратураи ихтисоси кафедра диққати ҷиддӣ дода, дар таҳияи Стандарти тавлатии ихтисос ва нақшаҳои таълимии дараҷаи магистратура вобаста ба талаботи низоми таҳсилоти кредитӣ маълумоти баланд дошта бошанд. 

Дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қайд шуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра ҷоннок намуда, ҷиҳати пайвасти илм бо истеҳсолот ва интегратсияи илми донишгоҳӣ ба илми академӣ чораҳои фаврӣ андешида шавад. Инчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани низоми доктор PhD аз рўи ихтисос дар кафедра ва омодагии кафедра ба ин низом ва баррасии масъалаи мазкур дар ҷаласаҳои кафедра чораҳои мушаххас андешида шавад.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бояд баромади пайвастаи омўзгорони кафедраҳо дар ВАО дар мавзўи тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандону донишҷўён ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ ва маънавии ҷомеа яке аз самти корҳои тарбиявии кафедраҳо бошад. Ҳамзамон қайд шуд, ки барои дар замири омўзгорон ва донишҷўён бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ намудан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ кўшишҳои зиёд ба харҷ дода шавад. 

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфта шуд, ки кафедраҳо корро дар самти дарёфти бурсияҳо аз ҳисоби фондҳои ташкилотҳои байналмилалӣ пурзўр намуда, фаъолияти омўзгорони кафедраро дар навиштани барномаҳои гарантӣ ҷоннок намоянд. Инчунин, ҷиҳати дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифтани хатмкунандагони донишгоҳ дар зинаи таҳсилоти магистратура, аспирантура ва докторантура чораҳои мушаххас андешида, рўйхати хатмкунандагони фаъол ва арзандаро пайваста ба раёсати донишгоҳ пешниҳод намоянд. 

Ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. дар хотимаи суханронии хеш таъкид намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи мудирони кафедраҳо бояд фаъолияти пайваста ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, ҷоннок намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва риояи ҳатмии низоми меҳнатӣ бошад. Инчунин, гуфта шуд, ки ҳалли мушкилоти кафедраҳо ба рушди фаъолияти донишгоҳ тавъам мебошад.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj