Инъикоси ваҳдати ориёиҳои қадим дар осори таърихии Эмомалӣ Раҳмон

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдор ва посдори таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон мебошанд. Ин ишқу алоқа ба арзишҳои волои таърихию фарҳангии ин миллати тамаддунофару фарҳанггустар аз ҷониби ин абармарди майдони сиёсат аз ибтидои даврони ба қудрат расиданаш то ба имрӯз бараъло ва возеҳу равшан ба чашм мехӯрад. Бо сарварӣ ва ҳидоятҳои ӯ таҷлили 1100- солагии давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 680- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино, 800-солагии Ҷалолуддини Балхӣ, 950-солагии Муҳаммад Ғазолӣ, 1150 –солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, эҳёи номҳои қадимаю аслии мавзеъҳои гуногуни кишварамон, номгузории шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ба номҳои бузургони ин миллат, таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бунёди иншооти зебои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва шоҳкориҳои ҳунари мусиқӣ аз қабили «Шашмақом» ва «Фалак» ва бисёр дигар иқдомоти ватандӯстонаву миллатхоҳона аз ин қабиланд.

Аз миёни ин иқдомоти наҷибона метавон аз таҷлили 2700 – солагии китоби «Авесто»  ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006 ном бурд. Бояд гуфт, ки ин иқдомот дар умури ошноӣ бо фарҳанг ва тамаддуни тоисломии ақвоми ориёӣ, ки тоҷикон ҷузъи аслии он мебошанд ва худшиносии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд.

12 сенятри соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи Соли тамаддуни ориёӣ» ба имзо расонид. Фармони мазкур бо мақсади омӯзиш ва таблиғи саҳм ва нақши ориёиҳо дар таъриху тамаддуни ҷаҳон, вусъат бахшидани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо, таҳкими равобити байни халҳо ва фарҳангҳо ба имзо расонида шуд. Вай дар паёми табрикии худ ба муносибати соли нави 2006 дар робита ба ин ҷашн чунин таъкид намуда буданд: «Ҳадафи асосии бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ, асосан, пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик мебошад, то наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ карда, барои рушди такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд. Зеро дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳамеша ҳаракатҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бузургманиширо инкор ва маҳкум месозад». 

Аҳдофи аслии ин иқдомро, ки танҳо ба хотири худшиносию худогоҳии миллат ва ваҳдати ақвоми ориёиро дорост, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш рӯзи 8 сентябри соли 2006 дар кохи Борбади шаҳри Душанбе, ки дар робита ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эрод намуда буд, бори дигар ба таври возеҳ ва равшан чунин баён доштанд: «Мақсади мо аз бузурдошти тамаддуни ориёӣ танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимаи миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқтар бо решаҳои таърих ва тамаддуни гузаштагонамон аст».

Дар робита ба бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ китоби пурарзиши Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дар дастраси хонандагон қарор гирифт, ки ин беҳтарин армуғоне буд барои дӯстдорони таъриху тамаддуни ин ақвоми наҷиб ва тамаддунофар. Қитоб ҳовии панҷ боб буда, боби аввали он «Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо» номгузорӣ шудааст, ки дар ин мақола мо танҳо ба баррасии ҳамин боб, мазмуну муҳтавои он, аҳдофи муаллифи китоб иктифо хоҳем кард. Ин боб фарогири сарфаслҳои «Ҳиндуаврупоиҳо», «Ҳиндуориёиҳо» ва «Ориёиҳо дар Осиёи Марказӣ» мебошад. Аз ошноӣ ба ин таълифот кас ба натиҷае мерасанд, ки ҷавҳари аслии ин таҳқиқотро ваҳдату якпорчагии таърихӣ, фарҳангӣ, забонии ақвоми ориёинажод ва таъсири байниҳамдигарии тамаддуну фарҳанги дар гузаштаҳои дури таърихӣ муштараки онҳо ташкил медиҳад. Дар сарфасли «Ҳиндуаврупоиҳо» муаллиф пас аз ошноӣ бо осори донишмандоне аз қабили Т.В.Гамкрелидзе, В.В. Иванов, А.Мейе, Р.Фрай, Б.Я.Ставиский, С.Я.Яценко, В.Г.Лисенко, Ф.Ленорман, В.П.Максутов, И М. Дяконов, Г.М.Бонград-Левин, Э.А.Грантовский, китобҳои пурарзиши «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ», «Се гуфтор дар бораи ориёиҳо» ба хулосае меояд, ки дар ҳудуди ҳазораи панҷуми пеш аз милод модарзабони ибтидоии воҳиду ягонаи ҳиндуаврупоӣ арзи вуҷуд карда, баъдан ба гурӯҳҳо тақсим шудааст. Дар ҳудуди ҳазораҳои V-IV то мелод забони ҳиндуаврупоӣ қабл аз тақсими он ба шохаҳо забони воҳиде будааст. Гурӯҳи забонҳои ҳиндуэронӣ яке аз забонҳои бостонӣ ҳиндуаврупоӣ мебошад, ки аз он ёдгориҳо ва лавҳҳои гилӣ аз замони давлати Митониҳо боқимонда шаҳодат медиҳанд. Осори бостонӣ ва куҳани гурӯҳи забонҳои ҳиндуэронӣ, ки ба забони қадимаи ҳинду бо хати ҳиҷоӣ навишта шудааст, Ригведа мебошад.

Сарфасли дувуми ин боб «Ҳиндуориёиҳо» номгузорӣ шуда, барои ба хулосаи дақиқ расидан муаллиф бар иловаи осори донишмандони дар фавқ зикршуда, бо пажӯҳишҳои В. В.Григорев, Г.Н.Шендаков, М.С. Иванов, А.М. Ременников, Э.Бенвенист, Т.Я.Елизаренкова, М.Моле, И.М. Оранский, С.Г.Кляшторний, Т.И. Султанов, Ж.Дюмезил, Ҳошими Разӣ ва дигарон ошноӣ пайдо намуда, таъкид менамояд, ки ориёиҳо дар баъзе аз таҳқиқоти нимаи дувуми асри ХХ ҳиндуэрониҳо номида шудаанд. Ориёиҳо бо гурӯҳҳои дигари хонаводаи ҳиндуаврупоӣ аз қабили славянҳо, германҳо, романҳо  ва ғайра пайвандҳои зиёд доранд. Ва хулосаи муаллиф дар бораи он ки ориёиҳо кистанд ва кӣ худро ориёӣ гуфта метавонад, чунин аст: Имрӯз аксари мутахассисон чунин мешуморанд, ки фақат он халқ худро ориёӣ  гуфта метавонад, ки агар дар осори хаттии бостон ниёкони дури ӯ худро бо ин ном хитоб карда бошанд ва бо ин ном шинохта шуда бошанд.

Дар фасли севуми ин боб муаллиф дар такя ба осори В.М.Массон, В.И.Сарианиди, А.Исҳоқов, В.М. Массон, А.Аскаров, Ю.Ф. Буряков, М. Муин, Е. Е. Кузмина, В.В Иванов, С. Т. Толстов, А. П. Окладников, В. А. Ранов, Н. Виногорадова ва ба хусус осори пайдо намудаи бостоншиносон доир ба ҳудуди зисти ориёиҳо дар даврони мухталиф, тамаддуни онҳо ва таъсири мутақобилаи тамаддуни ақвоми ориёӣ ба ҳамдигар, давраҳои ташаккули давлатдорӣ ва дину маънавияти ориёиҳо, равобити фарҳангии онҳо ва дигар умумияти ин ақвом ба омӯзишу пажӯҳиш  пардохтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар перомуни макони зисти ориёиҳо дар давраҳои гуногун чунин менависад: «Аз сарчашмаҳои таърихӣ, хаттӣ, забонӣ, ва бостоншиносӣ бармеояд, ки ориёиҳо ҳадди ақал дар охири ҳазорсолаи 3-2 то мелод аз Балкан то баҳри Байкал, аз ҳавзаҳои рӯдҳои Дон, Волга, Урал ва Об то Ҳиндустони Марказӣ ва аз сарҳадоти Муғулистон ва Тибет то баҳри Миёназамин зиндагӣ доштанд. Онҳо дар Осиёи Ғарбӣ дар асрҳои 16-14 давлати Митониҳо, асрҳои 9-6 давлати Модҳо, асрҳои 6-3 аввалин империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиёнро ташкил намуда, ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд. 

Ориёиҳои кишоварз дар Осиёи Марказӣ ташкилкунандаи аввалин давлати марказонидаи бузурги ориёиҳо-давлати Кайёниён мебошанд, ки ҳудуди васеи Осиёи Марказиро дар бар дошт. Дар сарзамини Украина ва Россия аввалин ташкилкунандаи давлатҳо ва тамаддунҳо ориёиҳо, кимериҳо ва скифҳо буданд. Фарҳангҳои нисбатан пешрафтаи сакоии Аркаини ҷануби Сибир, ҳавзаи васеи Синтзяну Ганури бостон, ҳамчунин, «роҳи ялим» ва «роҳи ғарбии маридмоналӣ» эҷоди мардумони ориёӣ мебошанд». 

Вай доир ба ориёиҳои сарзамини Ориёно изҳори андеша намуда, ба чунин хулосаи мантиқӣ меояд ва менависад, ки: «Метавон ба хулосаи асосӣ омад, ки асри биринҷии ҳазораи 2-и то мелод давраи ташаккулёбии тамаддуну давлатдорӣ ва дину маънавиёти ориёӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Нуқтаи муҳим ва қобили зикри хос он аст, ки ориёиҳои Ориёно (Осиёи Марказии баъдӣ) равобит ва пайвандҳои худро ба ориёиҳои минтақаҳои дигар, хусусан ноҳияҳои ҳаммараз ҳифз намудаанд ва густариш додаанд. Таҳқиқоти давомдори илмӣ, ба хусус кашфиёти навини бостоншиносӣ собит месозад, ки дар ҳазораи 3-2-и то мелод дар саҳроҳои ҷануби Россия қабилаҳои ориёӣ сукунат доштанд ва маданияти пешрафтаро эҷод намудаанд».

Аз ошноӣ бо «Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо» ном асари Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон метавон  чунин натиҷагирӣ кард:

1. Ин таълифот дар такя бо навтарин бозёфтҳои бостоншиносон, таҳқиқоти донишмандони саршиноси Шарқу Ғарб ва хулосабарориҳои олимонаи муаллиф ба анҷом расидааст;

2. Меҳвари аслии таҳқиқотро якпорчагӣ, ваҳдат ва муштаракоти таъриху тамаддуну фарҳанги ақвоми ориёиҳои қадим ва таъсирпазирии онҳо аз ҳамдигар ташкил медиҳад.

 

Қ. Расулиён

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj