Дебои зарбофти порсӣ (чанд мулоҳиза дар ҳошияи нашри нахустини «Таърихи Байҳақӣ» ба алифбои кириллӣ)

Беш аз чил сол аст, ки банда дар низоми донишгоҳии кишвар ба тадрис ва муҳимтар аз он ба таҳқиқ машғулам. Бояд эътироф кунам, ки хондан бароям ҷолибтару дилангезтар аз навиштан аст. Зеро бо хондани ҳар навиштаи арзишманд нуктҳои навро фаро мегирам, ки дар ҷараёни дарс ва ҳатто зиндагӣ маро ба кор меояд. Шукр аз истиқлолият мекунам, ки яке аз самарҳои он ҳамин истиқлоли фарҳангист. Ҳарчанд мо тоҷикон дар замони Шўравӣ дастовардҳои зиёди фарҳангӣ доштем, вале боз ҳам он тавре ки бояд наметавонистем бо мероси бузурги аз ниёгонамон расида ошноӣ пайдо кунем. Ин суханонро пас аз ошноӣ бо яке аз ганҷинаҳои нодиру бемонанди таъриху фарҳанги тоҷикон, беҳтарин намунаи таърихнигориямон – Таърихи Байҳақӣ менависам.    

 Солҳо ҳангоми дарсҳои сарчашмашиносӣ ин китобро зикр кардаву аз ҷойгоҳи он дар илми таърихнигории тоҷик сухан мекардам, вале чӣ пинҳон, ки ҳамеша пораҳое аз ин китобро мутолиа кардаву тарҷумаи русии онро истифода мекардам. Дар ҳамон замони ноогоҳӣ аз ин китоб (аз матни «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров) медонистам, ки Байҳақӣ аз нахустин муаррихонест, ки калимаи тоҷикро ба кор бурдаву пас аз хеш истифодаи онро маъмул гардондааст. Аммо пас аз ошноӣ бо ин асар даст ба ҳам мезанаму такрор мекунам, ки сад ҳайф, ки чунин асари гаронарзишро дер хондаам ва аз хубиҳои бешумораш кам гуфтаам. Сад дареғу ҳазорон дареғ, ки танҳо панҷяки ин асари арзишманд то ба рўзҳои мо расидааст. Аммо боз ҳам шукр мекунам, ки ин тика аз навиштаи Байҳақии хирадмандро мо дорем ва боз ҳам шукр, ки дер бошад ҳам, ниҳоят асари дабири донишманду миллатдўсти дарбори Ғазнавиён, Абулфазли Байҳақиро ба даст овардаму бо шавқу иштиёқи зиёд мутолиа кардам. 

Дар ҳамин ҷо мехоҳам ба таҳиягари ин китоб аз хатти форсӣ ба алифбои кириллӣ, шогирди дирўзу ҳамкасби имрўзаам Сайфуллоҳи Муллоҷон ташаккуру сипоси худро баён кунам. 

    Ба аҳли зиё ба хусус донишмандони таърих маълум аст, ки давраи Ғазнавиёнро мо тоҷикон ба хотири он ки ҷойгузини Сомониён гардида буд, чандон хуш надорем. Аммо хеле кам ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаем, ки муҳимтарин сабаби шикасти давлати овозадору маҳбуби мо, натиҷаи таҳаввулоти дохилӣ ва сайри такомули ҷомеаи Сомонӣ буд ва тағйироте, ки саранҷом ба фурўпошии ин давлат овард, аз фочиаи давлати Сомониён натиҷаи инқирози дохилӣ ва дур шудани мардум аз ин давлат буд.

На қудрат ёфтани Ғазнавиён якшаба иттифоқ афтод ва на ба ҳукумат расидани Хониён ё Қарохониён (истилоҳи Байҳақӣ). Ин таъбири зеборо ҳам ман пас аз мутолиаи бодиққати асари Байҳақӣ пайдо кардам. Байҳақӣ, тавре аз пешгуфтори муфассали таҳиягар дарёфтам, зодаву парваридаи асри Сомонист. Фазову муҳите, ки Сомониёни бедордил дар давоми беш аз сад соли ҳукумати хеш ба бор оварданд ва тарҳи нав дар тамоми Хуросон андохтанд. Тарҳе, ки як инсон дар он метавонист бодонишу адаб бузург шавад ва бо доштани фазлу дониш арҷманди ҷомеа гардад. Дабирӣ дар ҳамаи замонҳо пешаи гиромӣ ба ҳисоб мерафтааст. На насабу на хостгоҳи иҷтимоӣ, балки фазлу дониш ин ҷавони таҳсилдидаи хуросониро дар аҳди фарзандони Сабуктегини турк ба болотарин рутба дар ҷомеа расонд. Инро ҳам бигўям, ки маҳз донишсолориву донишмадорист, ки ҷомеаро обод ва мардуми замонро умедвор ба фардо мекунад. Агар қарор бар он бошад, ки интихоби инсонҳо ба вазифаву масъулиятҳо бар асоси нажод, хун ва зодгоҳ бошад, набояд аз чунин ҷомеа ҳеҷ ояндаи дурахшону солимро интизор шуд.   

Абулфазли Байҳақӣ тамоми зинаҳои идориро гузашта, дар зердасти яке аз бузургони давлати маҳмудӣ Абунасри Мушкон ба ҳайси шогирд хидмат кард ва нозукиҳои дабирӣ ва русуми даргоҳро аз бар намуд. Ў сӣ соли умри хешро тамом машғули хидмат сарф кард, бо амирон Маҳмуду Масъуд ва Мавдуду Абдурашид ҳамнишину ҳамнаво мегардад ва тавре ба дарбор хос аст, муддате мавриди ҳасаду бадгўӣ қарор мегирад ва ба кунҷи зиндон меафтад. 

Пас аз канора гирифтан аз хидмати дарбор ба навиштани таърихи хонадони ғазнавӣ мепардозад, зеро ин сулоларо валинеъмати худ меҳисобид. Ҳангоми хондани китоби ў ба сатрҳое дучор мешавем, ки Байҳақӣ дар айёми пирӣ орзуе доштааст: «Дар ин дунёи фиребандаи мардумхор чандон бимонам, ки корномаи ин хонадон биронам». Сайфуллоҳи Муллоҷон дар пешгуфтори муфассали худ (беш аз 40 саҳифа) аз қавли яке аз ҳамшаҳриҳои Байҳақӣ навиштааст, ки ў ба орзуи худ расидаву дар сӣ ҷилд таърихи Оли Сабуктегинро таълиф кардааст, аммо то ба замони мо ҷилдҳои ба салтанати Масъуд писари Маҳмуд бахшидаи асар расидаанд, ки дар маҷмуъ камтар аз даҳ сол (солҳои 1030-1040)-ро дар бар мегирад. Аз ин рў дар илми шарқшиносӣ қисматҳои ба дасти мо расидаи асарро «Таърихи Масъудӣ» ҳам меноманд. Аммо ҳеҷ таърихшиносе наметавонад ин асарро нахонда, ҳодисаҳои охири давраи Сомониён, чил соли ҳукумати Ғазнавиён бар Хуросон ва оғози давраи Салҷуқиёнро ба таври комил тасаввур кунад. 

Дар бораи аҳамияти вижа ва ҷойгоҳи муҳими ин асар хеле зиёд метавон навишт, аммо ба чанд нукта, ки имтиёзи хоси ин асар шумурда мешавад, ишора мекунам:

Нахуст ростгўиву амонатдории Байҳақӣ дар нигориши таърих аст. Байҳақӣ ба илми таърих бо муҳаббат нигариста, онро  барои худшиносии зарурӣ меҳисобад. Осори таърихии қабл аз худро дар бештар мавридҳо  ба боди интиқод мекашад ва равиши таърихнависии чоплўсонаро накўҳиш мекунад. Тавре маълум аст, дар асрҳои миёна бештари муаррихону шоирони мо то тавонистаанд шоҳони золиму ситамгар ва мардумозорро ситоиш карда, аз ҳадди инсоф берун мебаромаданд. Таърифу таҳсини шоҳон аз ҷумла дар «Таърихи Яминӣ»-и Утбӣ, ки ҳамасри Байҳақӣ аст, ба ҳадди ифрот мерасад. Ё шоирони дарбори Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён азқабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Муиззӣ, Анварӣ, Хоқонӣ ва ғайра шоҳони камсаводу золими замони худро ба арши аъло мерасонанд. Ҳатто яке аз шоирон рикоби султонро болотар аз ҳафт арш меҳисобад. Аммо Байҳақӣ, бо вуҷуди ин ки аҳли дарбор буда, Масъудро шоҳи бузург меномад, вале аз доираи инсоф берун намеравад ва дар баробари хубиҳо ва саховатҳои Масъуд, аз камбудиҳои ў низ ёдовар мешавад. Дар он замон на ҳар таърихшинос чунин ҷуръату ҳамият дорад. Меъёри Байҳақӣ виҷдони ў будааст ва ин адибу донишманди бузург дар ҳамон замон дарк карда буд, ки виҷдон ягона маҳкамаест, ки дар он ба вакили додгустарӣ эҳтиёҷе нест. Ба ҳамин хотир асарро бо баёни сода ва равшан, ки гўё нидои виҷдон ва оҳанги замири муаллиф аст, матлаби хешро бепарда баён кардааст: «Ва маро чора нест аз боз намудани чунин ҳолҳо, ки аз ин бедорӣ афзояду таърих бар роҳи рост биравад, ки раво нест дар таърих тахсиру таҳрифу тақтиру табзир кардан» (С. 490). 

Дувумин нукта он аст, ки Байҳақӣ асаршаро на бо забони арабӣ (ҳамчун ҳамзамонаш Утбӣ ва Берунӣ), балки бо форсӣ (ба қавли худи ў порсӣ) нигошт. Забони насри Байҳақӣ хеле зебову равон аст. Ба андешаи ман забони форсиро Байҳақӣ дар ҳадди аъло медонистааст ва забони ин навиштаву тарзи калимачинии муаллиф касро ба ёди донаҳои дар як ришта чидашуда мебарад, ки агар яке аз онҳо набошад, низом гусаста мегардад. Таваҷҷуҳ ба ин ҷумлаи зебо кунед, ки хонданаш касро ҳам ҳикмату маънавият мебахшад ва ҳам кайфияти оростагии сухан: «Фасле хонам аз дунёи фиребандаи ба як даст шаккарпошандаву ба дигар даст заҳри кушанда. Гурўҳеро ба меҳнат озмуда ва гурўҳеро пироҳани неъмат пўшонида, то хирадмандонро муқаррар гардад, ки дил ниҳодан бар неъмати дунё муҳол аст... (С.415-416) ». То ин дам банда осори муътабари таърихӣ, аз ҷумла асарҳои Балъамӣ, Наршахӣ, Утбӣ, Мирхонд ва ғайраро хондаам, вале чунин зебобаёниро дар ҳеҷ кадом асари дигар надида будам. Вақте тавсифи Байҳақӣ аз Масъуд дар форсидониву форсихониро дидам, ба хулосае расидам, ки ин муаррихи бузурги тоҷик ошиқи забони хеш будааст. «Чун ин подшоҳ дар сухан омадӣ, ҷаҳониён боястӣ, ки дар наззора будандӣ, ки дур(р) пошидию шакар шикастӣ» (С.65). 

Савумин нукта он аст, ки Байҳақӣ дар замони шикасту пора гаштани давлати миллии мо-тоҷикон ба хулосае расида буд, ки мардуми тоҷик бояд огоҳу хештаншинос ва якпорчаву муттаҳид бошад. Албатта, ў чунин даъвати ошкоро накардааст, вале вақте аз зиддияти тоҷикони хуросониву розӣ шикоят мекунад ва бо дард менависад, ки «хуросониёнро мардуми он диёр (яъне Рай – М.И.) дўст надоранд», пайдост, ки гилаву шикояти вай аз на аз бегонагон, балки аз худиҳову ошноён аст. Дар ҷойи дигар аз зиддият ва ҳатто ҷанги аҳолии ду шаҳри тоҷикӣ – Тўс ва Нишопур менависад. Байҳақӣ матни номае аз Аҳмади Алии Нўштагин, яке аз сипоҳсолорони Масъуди Ғазнавиро оварда, ки дар бораи ҳуҷуми тўсиҳо ба Нишопур ва бо дахолати Нуштагин шикаст додани тўсиҳо маълумот медиҳад. Дар ин нома сипоҳсолори турк мардуми Тўсро аз забони нишопуриҳо «говони Тўс» (с. 466 ) меномад. Байҳақӣ ин гуна зиддияту мухолифатҳоро намеписандид ва маҳкум мекард. Ҳар кас ин асарро хонад, ба ин нукта пай мебарад. Байҳақӣ, тавре дар боло ишора кардем, аз нахустин муаррихону адибони тоҷик аст, ки рўирост худро тоҷик меномад ва мардуми бумии Хуросонро ва бештари аҳли дарборро ҳам тоҷик хитоб мекунад. Ў аз садоқату донишмандӣ ва кордониву басирати тоҷикон болида-болида ҳикоят мекунад. Аммо дар баъзе мавридҳо, аз чоплўсӣ, тарсуӣ, иғвогарӣ ва дигар феълу атвори мардум изҳори норизоятӣ мекунад, ки хеле муҳим аст. Яъне хубу бадро баробар тазаккур медиҳад, ки шарти асосии таърихнависӣ мебошад. 

Нуктаи муҳимми дигари асари Байҳақӣ ин ишораҳои ў ба покии мазҳаби ҳанафӣ шуда метавонад. Тавре медонем, дар давраи Сомониён, Ғазнавиён ва Темуриён кўшишҳои зиёд сурат гирифт, ки мазҳаби ҳанафӣ ба ҷойгоҳи волои худ бароварда шавад. Байҳақӣ дар чанд ҷои асари худ гаштаву баргашта аз олимону донишмандони ҳанафимазҳаб, ки онҳоро  «асҳоби Абуҳанифа» меномад, ёдовар шуда, махсус таъкид мекунад, ки пайравӣ аз ин мазҳаб мояи оромиши хотири давлатмардон ва ҷомеаи рўз аст. Байҳақӣ, ки шояд худ низ ҳанафимазҳаб будаааст, (инро аз рўи эҳтироми ў ба ҳанафимазҳабон мегўям) аз Буюсуф, Муҳаммад, Зуфар ва дигар риҷоли ҳанафимазҳаб ёдовар мешавад. Дар як маврид аз қавли Султон Маҳмудменависад: «Мазҳаби рост аз они Имом Буҳанифа, раҳматуллоҳ, Таббониён доранд ва шогирдони эшон, чунонки дар эшон ҳеч таън натавонанд кард». Сипас дастур медиҳад, ки аз пайравони ин мазҳаб «ҳамагонро бинавоз ва аз мо умеди навохту истиноъ ва некуӣ деҳ»(С. 264).. Ба таври дигар бигўем, Байҳақӣ на танҳо ба забону фарҳанг, ҳатто ба мазаҳаби аксарияти тоҷикон низ эҳтиром дорад, ки дар рўзҳои мо хеле муҳим аст. Таъкиди банда ба ин амал тасодуфӣ нест. Тавре аз таърих медонем, дар гузашта баъзе аз донишмандон ва адибони тоҷик ба ин масъала аҳамият надода, дар доми мубаллиғони мазҳабҳову равияҳои гуногун афтода, дар ашъору навиштаҳои худ инро пинҳон надоштаанд. Аммо Байҳақӣ дар ин замина ҳам намунаи хеле барҷаста дар нигоҳ доштану ҳифзи мазҳаби бумӣ мебошад.  

Панҷум, Абулфазли Байҳақӣ, ки шахси фозилу донишманд ва хирадманду закӣ будааст, доир ба ахлоқ ва хулқу хўи нек хеле зиёд таъкид мекунад. Китоби ў ҳам зикри некномон ва ҳам корномаву амали афроди ношоиставу зишткирдор аст. Дар қатори устодаш Абунасри Мушкон, ки Байҳақӣ вайро ҳамеша ситоиш мекунад, шахсиятҳои манфӣ, аз ҷумла Абусаҳли Завзанӣ, Туғрали Кофирнеъмат, Ироқии Дабир ва ғайра ҳам, ки миёни аҳли девон фитнагарӣ мекарданд, чеҳранамоӣ карда меистанд. Байҳақӣ аз ришвархорони замони хеш шикоят мекунад ва ба ҳамин хотир аз қозие, ки дар умри худ як бор ҳам ришва нагирифтааст, ёдовар мешавад. Масъуд ба дабираш Байҳақӣ мегўяд: «... Мешунавем, ки қозии Буст Булҳасани Булонию писараш Бубакр сахт тангдастанд ва аз кас чизе наситонанд» (С. 544). Ба назари банда, муаррихи номдори тоҷик симои Қозӣ Булониро ба ин хотир дар асараш ҷой додааст, ки безории худро аз ришваситонҳо эълон кунад. Аз дигар тараф, Байҳақӣ бо овардани ин ҳикояи дилчасп мехоҳад ба мо бигўяд, ки Султон Масъуд (ва амирони дигар) хуб медонистанд, ки дар мулки онҳо ки ба ришваситониву дигар амалҳои ношоиста даст мезанад.Ин муаррих ва муаллими ахлоқ дар ҳамон давраи тираву тор ба хулосае расида буд, ки ҳар вақте ришва аз дар ворид шуд, адолат аз дари дигар фирор мекунад. Байҳақӣ аз гуноҳ парҳез мекунад ва ҳар дам аз Офаридагор узр мехоҳад. 

Зеро, ў бар ин бовар буд, ки касе дар гуноҳ шиновар мегардад, рўзе дар ғаму ғусса ғарқ хоҳад шуд. Ҳамин тавр, Байҳақӣ ба мо ғайр аз таъриху адабиёт ва сиёсату хештаншиносӣ, инчунин дарси ахлоқ ҳам меомўзад, ки хеле муҳим аст.

Аз аҳамияту хубиҳои ин асар метавонем хеле бештар аз ин сухан ронем. Аммо ин чанд нукта, ҳамчун муҳте аз хирвор гуфта шуд. 

Дар хусуси баргардони китоб ва сатҳу сифати он бояд мутахассисони матншинос қазоват кунанд. Бо боварии комил метавонам бигўям, ки таҳиягари китоб Сайфуллоҳи Муллоҷон бешак беҳтарин донандаи асар дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ў заҳмати зиёд кашида, матни асарро бехато таҳия кардааст. Албатта ҳеҷ коре аз хатову камбудӣ пурра орӣ нест. Аз ҷумла, дар баъзе саҳифаҳои «Таърихи Байҳақӣ» баъзе ибораву калима ва пешояндҳову пайвандакҳо, аз қабили ва, ин, он, чӣ пайи ҳам такрор омадаанд. Аммо чунин хатоҳо хеле кам ба назар мерасанд. Пас аз таҳияи босаводонаи матн таҳиягари «Таърихи Байҳақӣ» ба матни асар шарҳу эзоҳи фаровон илова кардааст. Бояд эътироф кунам, ки таҳиягар аз уҳдаи ин кори душвор ба хубӣ баромадааст. Бештари вожаҳо, номҳои ашхос ва маконҳои ҷуғрофӣ, ки барои хонандаи имрўз донистани онҳо душвор аст, дар поварақи асар шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Таҳиягар дар баъзе мавридҳо барои хонанда адабиёти иловагии илмиро ҳам пешкаш кардааст. 

 

М. Иброҳимов, 

доктори илмҳои таърих, 

профессор 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj