ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН МЕВАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

(Суҳбати хабарнигори нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”  Абумуҳаммад Тураев бо раиси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам)
 
-Агар бигўем, ки соли 2016 барои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли пурбарор буд, хато намекунем. Дастоварди ҳар як варзишгари тоҷик, чи дар дохил ва чи берун аз он, бевосита бо кумаки Кумита ба даст омадааст. Аз ин рў, мехостем каме дар мавриди бурду бохти варзишгарони тоҷик дар соли 2016 ба хонандагони нашрия маълумот медодед.
-Боиси қайд аст, ки соли 2016 барои соҳаи варзиш соли муҳим ва натиҷагирӣ баҳисоб мерафт, зеро моҳи августи соли2016 дар шаҳри Рио-Де-Жанейрои Бразилия бозиҳоиXXXI тобистонаи олимпии2016 баргузор гардид. Бо мақсади дарёфти роҳхат ҷиҳати иштирок дар ин бозиҳо ва таъмин намудани иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб ба дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо маблағгузории Кумита 383 варзишгар, аз ҷумла 41 бону ба70 чорабиниҳо сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 302 медал, аз ҷумла94 тилло, 91 нуқра ва116 биринҷӣ ворид намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як пиру ҷавони кишвар дастоварди таърихии Дилшод Назаров дар бозиҳоиXXXI тобистонаи олимпии Рио-Де-Женейро-2016 баҳисоб меравад, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омада, дар саҳифаи ғолибони бозиҳои олимпӣ номи Тоҷикистонро сабт намуд.
Ичунин, дигар варзишгарони тоҷик низ дар давоми соли 2016 натиҷаҳои баланди варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ ноил гардиданд. Мо бо тамоми дастовардони хеш ифтихор мекунем ва кўшиш менамоем, ки соли 2017 натиҷаҳоямонро бахшида ба Соли ҷавонон афзун намоем.
- Шумо ҳамчун раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017-ро чи гуна шарҳ медиҳед? Дар ин самт Кумита чӣ нақша чорабиниҳо дорад?
-Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки самти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, яке аз механизмҳои амалигардонии як қисмати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки ҷавонон ҳамчун узви фаъоли ҷомеа ва захираи бойи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҷавонони саодатманди кишвар бо шукрона аз ин обу хоки сарзамини биҳиштосо, аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми шоён гузошта истодаанд. Баргузории мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит менамояд, ки Сарвари давлат ба неруи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад.
Муждаи наве, ки аз  ҷониби Пешвои миллат зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон мебошад, ки ба ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Ин мужда, албатта, ҳама ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро фараҳманду хушбахт гардонид. Ин падидаи ҷолибест, ки сиёсати давлати кунунии тоҷиконро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд. Ин қадршиносӣ, яъне эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон далолат бар он дорад, ки дар ҷомеаи имрўза мақоми ҷавонон рўз аз рўз боло рафта, нигоҳи давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад. Бояд гуфт, ки ҳама дастовардҳои бузурги ҷавонони кишварро бо эътимоди комил метавон меваи истиқлол ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат номид, ки аз баракати ин марҳилаи сарнавиштсози кишвар барояшон муяссар гардидааст.
         Қобили қайд аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017 нақша-чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон тасдиқ гардидааст. Дар ин нақша-чорабиниҳо баргузории силсилаи чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла як қатор форумҳо, конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фестивали фарҳангии ҷавонон дар вилоятҳо, меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳои кишвар, мулоқоту вохўриҳои сатҳи баланд, ҳамоиш ва аксияҳои умумиҷумҳуриявии ҷавонон ва дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро бо иштироки васеи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. 
         - Фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шарҳи Паёми Пешвои миллат чӣ гуна аст?
         -Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли наврасу ҷавон буда, Пешвои муаззами миллатамон дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумат баҳри некуаҳволии ҷавонон, баркамолию соҳибмаърифат будани онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри ин қишри ояндасоз дастуру супоришҳои дахлдор доданд.
            Паёми Пешвои миллат, ҳамчун як шоҳкитоби меҳр, садоқат, боварӣ ва умеди басо бузург барои наврасону ҷавонон ироа гардид.  Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, Кумита нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро тасдиқ намуда, ба сохторҳои  маҳаллӣ ва ташкилотҳои дахлдори худ ирсол намуд.
         Дар ин зимина, ҷиҳати  расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат масъулини  Кумита миёни аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту вохўриҳои судмандро доир намуда истодаанд.
         Илова бар ин,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи корӣ таъсис дода шуд, ки дар он масъулини Кумита низ  шомил гардида, дар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат миёни ҷомеа мулоқоту вохўриҳо доир намуданд.
- Тибқи дастури Пешвои миллат бояд сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Бигўед, ки ин ба фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чи таъсире расонида метавонад?
- Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба таҷдиди сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориши дахлдор ирсол гардид. Зеро туризм ё соҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ба ҳисоб рафта, дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳонӣ ба $1,5 трлн. баробар гардид.
Ташрифи сайёҳони байналмилалӣ  4,4% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид. Дар нуҳ моҳи соли 2016 бошад, 956 миллион ё худ 4% туризми байналмилалӣ рушд ёфта, 34 миллион нафар нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 зиёд шудааст.
Мақсади таҷдиди сохтор амалӣ намудани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15%, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 иброз намуданд ва ҳамзамон, рушди инфрасохтор, омода кардани мутахассисони ихтисосманд, ҷараёни иҷрои Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳ ба кишвар ворид гардад.
Бояд гуфт, ки мақсадҳои дар пешгузоштаи сохтор инҳоянд: таҷдид ва рушди ифрасохтор; омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба; беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо; муаррифии ҳарчи бештару беҳтари имкониятҳо ва захираҳои соҳаи туризми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари кашфношуда ва биҳиштосо.
-Ҳамкории Шумо бо муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, бахусус бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
-Бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, айни замон тибқи маълумоти оморӣ  39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мамлакат фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо беш аз 170 ҳазор донишҷўён ба  таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, зиёда аз 30 000 нафар донишҷў тариқи бурсияҳои давлатӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Имрўз донишҷўёни кишвар дар баробари дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа дар ободии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми назаррас доранд.
         Кумита ҷиҳати фаро гирифтани ин қишри фаъоли ҷомеа дар ҳаёти сиёсии иҷтимоии кишвар ҳамасола дар  якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муштаракро ба тасвиб мерасонад, ки  дар доираи он  тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, Кумита ҷиҳати ҷоннок ва тақвият бахшидани фаъолияти мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи намунавии фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро тасдиқ намуда, дар доираи он нақшаи  ягонаи фаъолияти Шӯрои мудирони шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки аз 28 январи соли 2017  тасдиқ гардидааст, амал мекунад.
Бояд қайд намоем, ки  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, ҷиҳати  тайёр кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгў нақши созанда дорад. Ҳамкориҳои Кумита бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, имрўз дар Клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ҳайси волонтёр донишҷўёни фаъоли донишгоҳ фаъолият доранд ва дар тамоми чорабиниҳое, ки аз ҷониби Кумита доир карда мешавад, фаъолона иштирок менамоянд.
-Ташаккур барои чунин як суҳбати самимӣ.
Саломат бошед!

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj