Гуҳаре аз садафе

Нашнида ҳеҷ кас ба ҷаҳон ҳарфи зишти мо,
Пок аст чун бунафша даҳони сиришти мо.
Сухан аз донишгоҳ ва ҳар мавзўъ, ки пайваста ба домани он аст, оғоз кардан барои инҷониб ҳамеша ҳамроҳ бо як фазои андешабарангез аст. Ба ин маънӣ, ки шурўи ҳар матлабу тарҳи ҳар масъалае ба осонӣ даст намедиҳад. Барои зеҳн, ҳатто барои коғазу қалам, ки абзорҳои саридастии аҳли илму эҷоданд, гўё як навъ ҷиддияту масъулият эҷод мешавад. Ғайричашмдошт таваққуфе дар қаламрави фикру ҷаҳони андеша ва пайвандҳои зеҳнӣ ба зуҳур мерасад. Таваққуфе барои ҷамъу ҷур шудан, омодагӣ гирифтан, тамаркузи лозимро пайдо кардан, сарриштаи гуфтанро ёфтан ва муҳим аз ҳама шоиставу сазовор арзи матлаб намудан. Бори ин масъулият ба андозаест, ки гоҳо водор месозад, ки то онро пеши чашм бигузорем, ба сарчашмаи зуҳури чистиву кистиаш хира шавем, мисли як мусоҳиб бо ў дар гуфтугў бошем.
Тааммул дар моҳияти вуҷудии ин бошандаи зеҳният моро ба ин натиҷа мерасонад, ки ин меҳмони нопадидори рўҳу равони мо аслан бархоста аз хоку обу ҳавои бегона нест, балки ҳадяи бузургу гаронбаҳои донишгоҳ барои дастпарваронаш аст. Ин ниҳол дар замини сабзҷони донишгоҳ бо дасти бузургустодон кошта шуда, решадору борвар гаштааст. Сабзишу камол, боландагӣ, шоху барг густаронидани он кори содаву маъмулие набудааст. Ба хотири рўйиши солими ин нахл, гом ниҳоданаш ба марзи расидагиву пухтагӣ чи ранҷҳову заҳматҳоеро, устодони донишгоҳӣ таҳаммул кардаанд. Ин ниҳол бо хуни дили он бузургворон сероб шуда. Аз ин рўст, ки роҳи мо ба сарзамини қудсии донишгоҳ аз даричаи ҳамин эҳсоси бузург масъулияти донишгоҳӣ оғоз мегардад.
Бо пешоварди ин муқаддима мехоҳем перомуни зиндагӣ ва рўзгори устоди гаронқадр, профессори кафедраи забони муосири тоҷик Ҳомид Маҷидов сухан дар миён бигузорем.
Нахустин нуктае, ки дар ин замина қобили таъкид аст, ин аст, ки устод Ҳ. Маҷидов дар шаклгириву истеҳком пайдо намудани масъулияти мазбур нақши калидӣ доранд, ки дар атрофаш баъдтар изҳори назар хоҳад шуд. Вале барои ман ҳар дидоре бо устод Ҳ. Маҷидов мояи масаррату хушнудист. Аслан, рў ба рў шудан бо инсонҳои покниҳоду равшанзамир, озодаву соҳибназар, нишотангезу рўҳпарвар аст. Симои нуронии ин қабил инсонҳо ба кас умеду неру, ҳисси меҳру дўстдорӣ медиҳад, дилгармӣ мебахшад.
Инҷониб ҳамеша бо дидани устод бо ёди даврони дури донишҷўӣ, тирамоҳи соли 1977 меафтам. Мо донишҷўёни соли аввал аксар аз ноҳияҳои дурдаст омада будем ва донишгоҳ барои мо ҷаҳони дигаре буд. Дар чаҳордевораш ҳама чиз барои мо тозагӣ, атру бўйи вижа дошт. Фазои матлубаш бо гузашти ҳар рўзе моро мисли гирдоб ба худ ҷазб мекашид, побанду шефтаи хеш месохт. Ҳастӣ дар сарнавишти мо маънии нав пайдо менамуд. Ин тағйири хушоянди мустамар аз баракати мусоҳибату муошират бо фозилмардоне мисли Ҳ. Маҷидов буд.
Эшон аз лексикография ва фразеологияи забони муосири тоҷик дарс мегуфтанд. Ҳар дарси мавсуф моро ба омўзишу фарогирии гўшаҳои ношинохтаи забони тоҷикӣ роғибтар менамуд. Устод Ҳ. Маҷидов, бо камоли самимияту сидқ талош меварзиданд, то моро бо шигифтиҳои забон ошно намоянд.
Қобили таъкид аст, ки ҳарчанд тибқи барномаҳои мавҷуд барои донишҷўёни соли аввали гурўҳи форсӣ танҳо як бахши забон (лексикография) тадрис мешуд, вале устод Ҳ. Маҷидов ҳаргиз дар матни он маҳдуд намешуданд. Дониши фароху шинохти амиқи масоили забон иҷозат намедод, то дар чаҳорчўби таъйиншуда содиқ бимонанд. Ин аст, ки эшон бар мабнои равишҳои маърифату фарогирии забон саъй менамуданд, то зеҳни моро бо ҳама имконоти мавҷуд дар заминаи забономўзӣ ошно намоянд.
Пас аз сипарӣ шудани даҳсолаҳо дар занҷираи ёду хотироти мо шогирдон муҳтавои дарсҳову омўхтаҳои устод аз нав таҷдид мегарданд. Дар зиндагии имрўзин моро роҳнамову ҳидоятгар мешаванд.
Профессор Ҳ. Маҷидов дар он айём нахуст ба мо омўхтанд, ки ба  забон ҳамчун ниҳоди буғранҷу печидаи иҷтимоӣ бархўрд кунем. Ниҳоде, ки фарогири низоми вижаест ва дар зиндагии фардиву иҷтимоии мо вазифаҳои зиёдеро ба дўш дорад. Бори сангини баёну изҳори матлаб,  маънирасонӣ, шинохту маърифат, иттилоърасонӣ ва муҳим аз ҳама муоширату иртиботофаринӣ ба дўши забон аст. Забоне, ки моли мову шумост, дар асл иборат аст аз маҷмуи намунаҳои ахлоқӣ, рафтору кирдор, ки тавассути фарҳанг ба мо интиқол гардида, барои тамоми мардуми тоҷик, чи хурду бузург, моли муштарак аст. Бо кумаки ҳамин забон аст, ки тамоми доштаҳо, рамзҳову розҳо, суннату анъанаҳо, ки ба қимати таҷрибаи бепоёни арзишманди ниёгони мо ба даст омада, нигошта шудааст ва имрўз дар ихтиёри мо қарор дорад.
Устод зимни дарсҳои хеш борҳо таъкид мекарданд, ки  нерумандтарин ва мустаҳкамтарин пайванди мо тоҷикон забони модарии мост, ки аз наслҳо ба наслҳо, аз бузургон ба хурдон гузаштааст. Ниёгони мо аз забон ҳамчун воситаи иҷтимоӣ-фарҳангии андузишу ҳифзу нигаҳдошт ва интиқоли иттилоот ва идораи фаъолияти хеш  истифода кардаанд. Тавассути ҳамин забон аст, ки шинохту маърифати мо аз ҷаҳону мазоҳири ҳазорранги он ва раванди худшиносии мо шакл  мегирад.
Нуктаи дигаре, ки устод ҳамеша бар он такявар буданд, ҷиддияту ҷомеияти фикр дар тарҳу пажўҳиши масоили забон буд. Ба андешаи устод, забон замоне дарашро бар рўи мо боз мекунад, ки бо қалби боз ва азми росих ба сўяш бингарем. Дасти ниёз аз сўи мо дароз шавад, то дасти мо бигирад. Мо донишҷўён борҳо аз забони устод шунида будем, ки бо забон ва вожагони он бархўрду нигоҳи ошиқона бояд дошт, бояд ба ҳар як таркиб ҳар як вожаву ибора содиқона ишқ варзид, то дар раванди таҳқиқ мушкилот эҷод нагардад ва натиҷаҳои матлуб ба бор ояд. Намунаи чунин ишқу чунин муҳаббате саршор, зиндагии худи устод Ҳ. Маҷидов буданд.
Банда низ солҳост дар чаҳордевори Донишгоҳи миллӣ бо устод Ҳ. Маҷидов кору фаъолият дорам. Ман пеши эшон дар иртибот бо бисёре аз масоили хосси низоми донишгоҳӣ хешро қарздор мешуморам. Устодоне, ки дар зиндагии фардии ман таъсири корсоз доштанд, чанд нафаре беш нестанд, вале бегумон устод Ҳ. Маҷидов ҳастанд, ки беш аз ҳар каси дигаре дар рўҳу равони ман таъсир гузоштаанд. Ў ба мо тариқи муаллим будану муаллим шуданро омўхтанд.
Профессор Ҳ. Маҷидов бо ҳар дарси худ ба мо меомўзонид, ки муаллим будан ифтихори бузургест ва на ҳамаи ононе, ки онро пешаи худ қарор додаанд, ба умқу жарфои он мерасанд. Муаллимӣ кардан - ин бо камоли сарсупурдагӣ, мардона, огоҳона, бе гом ниҳодан дар марзи афсўсу пушаймонӣ, бо дигарон қисмат кардани умри гаронбаҳост. Дар радифи омўзондани илму дониш дар замири насли наврас сабзонидани тухми меҳру муҳаббат, саддоқату дўстдорӣ ба ин хоку сарзамин аст.
Амалӣ гаштани ин ҳадаф ранҷу заҳмати фаровонеро ба думбол дорад. Гузашта  аз ин, парваришу рушду камол ва муҳимтар аз ҳама бороварии ин тухми зиндагисоз кори як рўзу ду рўз нест. Замон мехоҳад, замоне ки ҳампойи сабру шикебоист. Изофа бар гуфтаи болоӣ, муаллимӣ ҳунар аст, ҳунари шунидан, дидан, ламс кардан, ташхис додан ва бо итминон муътақид сохтан.
Устод Ҳ. Маҷидов дар радифи таълими забони тоҷикӣ ба мо шеваи дўст доштан, муҳаббат варзидан ба инсонро омўхтанд. Худ устод шогирдонро дўст медошт, ба ҳама ба дидаи меҳру шафқат, ишқу алоқаи хос менигарист. Оғози ҳар дарсе масдари зебои «дўст доштан» буд, ки дар суханрониҳои устод тасриф мешуд, пайванду иттиҳоди вожагон, печиши ибороту таркиботи шигифт, ки бо садои маҳину ширини эшон фазои синфхонаҳоро саршор менамуд, ба дилҳо менишаст.
Ба андешаи устод ҳамин эҳсоси бузурги меҳру дўстдорист, ки инсонро инсон мекунад, бо неруи бепоёни он ҳар касе нахуст зиндагии худро фароҳам месозад ва сипас дар тазйину зебо намудани зиндагии дигарон саҳм мегирад. Идомати ҳастӣ вобастаи ҳамин ишқу дўстдорист.
Яке аз аркони асливу муқаддаси зиндагии донишгоҳӣ пажўҳишу таҳқиқ аст. Рукне, ки донишгоҳро устувору побарҷо нигоҳ медорад. Боиси пешрафту вусъати зарфиятҳои илмӣ ва имконоти зеҳнии он мегардад. Бо неруи пажўҳишу таҳқиқ аст, ки донишгоҳ ба соҳоти мухталифи иҷтимоъ нуфуз мекунад, дар рушду камоли матлуби ҷомеа таъсиргузор мегардад. Агар манзур вусъату боландагии ҷомеа ва дигаргун сохтани ҷаҳонӣ аст, пас, мо ногузирем даст аз домани илму ҷустуҷўгарӣ нобардорем. Нигоҳи мо ба ин риштаи бунёдӣ, сатҳӣ, сарсарӣ набошад. Бояд онро муҳтарам бидорем.
Устод Маҷидов Ҳ. ба мо шеваи эҳтиром гузоштан ба илму донишро  омўзонидаанд. Тааммуқ, жарфнигарӣ дар ҷузъёти масоили илмӣ, дурӣ аз тазоҳуру шитобу тасмимҳои зудрас, шарти нахустини эҳтирому гиромидошти ҳар риштае аз дониш аст. Шитобкорӣ неруи пинҳондидору бунёдафкани илм аст.
Дар арсаи илми забоншиносии тоҷик профессор Ҳ. Маҷидов ҳамеша аз худ намунаи ибрату шоистагӣ нишон додаанд.
Номуносиб нест зикр шавад, ки илми забоншиносии мо имрўз мубталои бемории тазоҳур гаштааст. Гурўҳе бо ном забоншинос, ки унвонҳои лозими илмиро дарёфт карданд, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолоти пуршумор дар атрофи забон ба нашр мерасонанд. Гоҳо дар матлабҳои бепояву парокандаи эшон ба нудрат метавон ҷумлае беиштибоҳу аз нигоҳи наҳву мантиқи калом саҳеҳ пайдо намуд.
Профессор Ҳ. Маҷидов дар таълифу нашри осори илмӣ ҳаргиз чунин амалеро барои хеш муҷоз надонистаанд.
Аз сўйи дигар, чунин бархўрдеро танҳо эҳтирому арҷгузорӣ баршумурдан кофӣ нест. Ба гумони мо, ин дарку шинохти густурда ва риояи суннату анъанаҳои марсумест, ки дар хилоли солиёни дароз дар зеҳнияти илмиву фарҳангии ҷомеаи илмии мо шакл гирифтаву решадор гаштаанд. Нодида гирифтани ҳузури онҳо бунёди ҳар илмеро заифу нопойдор месозад ва оқибат ба вартаи нестӣ мекашонад.
Эътирофимақому манзалати донишмандону фозилони пешин,  гиромидошти хидмату нақши онҳо дар мондагориву шукуҳмандии илми забоншиносӣ хусусияти барҷастаи сиришти инсонӣ ва олимии устод аст, ки ниҳоят омўзанда аст. Профессор Ҳ. Маҷидов имрўз яке аз ангуштшумор олимони забоншиноси соҳибмактаб аст.
Ёдам меояд, ки зимни дарсҳо чи гуна бо шўру шавқ дар бораи осори пажўҳишии забоншиносони маъруф аз қабили осори забоншиносии устод С. Айнӣ, Н. Маъсумӣ, Ҳ. Каримов, С. Ализода ва ғ. нақл мекарданд.  Дар зиндагии донишгоҳӣ барои парваришу тарбияти зеҳниву касбӣ ва инсонии шогирдон ин амр ниҳоят арзишманд аст. Бо такрори ин шева як донишомўз, як муҳаққиқи ҷавон оҳиста-оҳиста ба умқу кунҳи ин воқеият мерасад, ки раҳравони нахустини масире, ки пешорў дорад, киҳо будаанд, бо чи ранҷу мушкиле роҳро барои онҳо ҳамвор сохтаанд.
Мавзўи охирине, ки дар иртибот бо зиндагии олимонаи профессор Ҳ. Маҷидов бояд баён шавад, ҷойгоҳи илмии номбурда дар забоншиносии тоҷик аст.
Дар боло ишора шуд, ки солҳои охир минбари баҳсҳои забоншиносӣ ихтиёри гурўҳе камдонишу каммоя, безарфият қарор гирифта, ки аз рўйи тазоҳуру мақоми идорӣ атрофи масоили кулливу беарзиш фазлфурўшӣ мекунанд. Дар дунё чи мегузарад, забоншиносии ҷаҳон дар чи сатҳе қарор дорад, муҳаққиқони забон ба чи комёбиҳое дар заминаи забон даст ёфтаанд, барои эшон бетафовут аст. Онҳо бо чанд ҷумлаи шиоргуна, бо тутивор такрор кардани аҳкоми маълуму машҳур мехоҳанд дар манзари таваҷҷуҳ бимонанд.
Коре, ки устод Ҳ. Маҷидов ҳаргиз барои худ муносибу шоиста надонистанд. Эшон ҳарчанд ба ҳама риштаҳои забоншиносӣ тасаллути комил доранд, вале зиндагии хешро ба бахше аз забон-фразеология бахшидаанд. Ин бахши муҳимму ҷондори забони тоҷикиро бо тамоми ҷузъиёташ, пайванду иртиботаш бо дигар бахшҳо мисли маънишиносӣ, калимашиносӣ, услубиёт, сарфу наҳв ва ғайра мавриди таҳқиқу арзёбӣ қарор додаанд.
Ҳеҷ забоне аз доштани ибораҳои фразеологӣ, ибороти рехта бенасиб нест, вале фразеологизмҳо дар ҳар забон вижагиҳои хоси худро дорад. Устод Ҳ. Маҷидов аз ҳамон оғоз ин мавзўъро зина ба зина, гом ба гом мавриди пажўҳиши васеъу дақиқ қарор доданд ва тамоми донишҳои мавҷуд дар ин заминаро ҷамъбандӣ намуданд. Китоби «Низоми фразеологии забони адабии муосири тоҷик» асари арзишманду ҷомеъ ва дар зоти худ ягона аст, ки миёни осори мавҷуд дар заминаи забоншиносии тоҷик ҳамтову ҳамсанги худро надорад.
Нукоте, ки дар маҷмуъ шахсияту ҷойгоҳи эшонро дар илми забоншиносии тоҷик шохису барҷаста месозад, дақиқназарӣ, ҷиддият, ҷомеияти фикр ва муҳим аз ҳама садоқату самимият аст, ки аз ҳар сатри эҷодаш чеҳра боз мекунад. Пардохтан ба офаридаҳои пажўҳишии устод мавзўи алоҳидаест. Танҳо дар поёни ин меҳрнома лозим ба тазаккур аст, ки дар тўли замон содиқона бо сухан, дунёи рангини вожагон зиндагӣ карданд ва ҳамон ишқу ҳамон меҳри хуршедии қалби хешро бо камоли азхудгузаштагӣ бо шогирдон тақсим намуданд.
Агар шогирдонеро, ки зери роҳнамоии эшон кори таҳқиқӣ намудаву зиндагии хешро ба илм пайвастаанд, канор бигузорем, садҳо шогирдони дигари эшон дар гўшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ дар мактабҳои миёна машғули таълими забони тоҷикианд. Чароғи қалби онҳо бо нури донишу хирад, ишқу муҳаббати устод фурўзон шуда. Ин хидмати андаке нест,
Дар ин айём, ки устод Ҳ. Маҷидов ба синни мубораки 80-солагӣ мерасанд, мо-шогирдон аз Худованди бузург барои ў тандурустӣ, оромиши хотир ва рўзгори саршор аз шодиву нишот таманно мекунем.
Бо байте аз девони Соиби Табрезӣ ин гуфторро ба поён мерсонем:
Дар як сухан ҳақиқати ҳар кас аён шавад,
Баҳри намуна аз садафе як гуҳар бас аст.
Умар Сафар,
 профессор, мудири кафедраи филологияи Эрон
         
    

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj