Гули марҷон

Гули марҷон (Салвия - Salvia) растании бисёрсола буда, онро ҳамчун гули яксола ё дусола бо мақсади ороишӣ дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ кӯчаю хиёбонҳо парвариш менамоянд. Гули марҷон растании гармидӯст аст. Аз ин рӯ, онро ҳамчун гули ороишии тобистона парвариш мекунанд.  Гули марҷон растании алафии пояааш ростистода мебошад.  Решааш патакреша буда, навдаҳои паҳлӯгӣ дорад, баландиаш аз 80 то 100 см ва аз он зиёд мешавад. Ранги поя ва баргҳояш сабзи баланд мебошад. Дар охири навдаҳояш гулҳои дарозрӯяи хушамонанд пайдо мегарданд, ки дарозии онҳо аз 7 то 10 см мерасад. Бештар ранги гули марҷон сурхи баланд мешавад, дар баробари ин рангҳои дигари он гулобӣ ва зарду нилуфар шуда метавонанд.

Ватани асосии гули марҷон Амрикои Ҷанӯбӣ буда, намуди ёбоии он дар Бразилия дида мешавад. Номи ин гул аз калимаи лотинии «salvus» гирифта шуда, маънояш «доимо саломат ва зебо будан» мебошад. Гули марҷонро аввалҳои асри XIX ба Европа оварда, бо мақсади ороишӣ дар боғҳо парвариш мекарданд.

Дар шароити Тоҷикистон гули марҷонро аз тухмаш парвариш мекунанд. Тухми онро охирҳои моҳи феврал ё аввалҳои моҳи март дар ҷойҳои махсусе, ки барои нигоҳубини гулҳо муқаррар шудааст дар палҳо парвариш мекунанд. Гули марҷон ба гурӯҳи  растаниҳои равшанидӯст мансуб аст. Мавзее, ки барои коридани тухми гули марҷон интихоб мешавад, бояд офтобрӯя ва заминаш серғизо бошад. Ҳангоми коридани тухми гули марҷон ҳарорат бояд аз 15 - 200 С паст набошад. Баъд аз 7 - 10 рӯзи коридан аввалин майсаҳои он аз замин сабзида мебарояд. Барои нағз нашъунамо карда инкишоф намудани он намнокиро дар палҳо бояд доимӣ нигоҳ дорем. Соли ҷорӣ  зиёда аз садҳазор ниҳоли гули марҷон - (салвия) дар гулхонаи факултети биология, ки дар шаҳраки донишҷуён ҷойгир аст парвариш карда шуд. Ҳамаи он гулҳо бо мақсади зебо намудани назди биноҳои таълимӣ ва хобгоҳои донишгоҳ истифода шуданд.

Баъд аз се - чор ҳафта дарозии ниҳоли гули марҷон ба 10-12 см мерасад. Ниҳолҳои дуруст инкишофёфтаи онро метавон дар ҷойҳои лозимӣ ҳамчун гули ороишӣ кучат намоем. Гули марҷон ба намнокӣ бештар эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин ба ниҳолҳои он доимо об мондан лозим меояд. Онро аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза намуда, то давраи гулкуниаш ба он ду маротиба нурӣ додан лозим аст. Баъд аз 80 - 90 рӯзи сабзиш ба гулкунӣ шурӯъ менамояд. Ҳар як давраи инкишофи гулаш қариб ним моҳ давом карда, баъди он хушк шуда, тухм мебандад. Гули марҷон дар шароити Тоҷикистон бештар дар минтақаҳои иқлимаш муътадил нағз инкишоф меёбад.

Агар тухми онро сари вақт ҷамъоварӣ накунем, баъди хушк шудани гул тухмаш ба замин  мерезад. Моро лозим меояд, ки тухми онро  бо зудӣ ҷамъоварӣ намоем. Ранги тухми гули марҷон ҷигарӣ буда, шаклаш дарозрӯяи хурд мебошад. Тухми гули марҷон то панҷ сол қобилияти сабзиши худро нигоҳ медорад. Гулкуниаш то фарорасии фасли сармо давом мекунад. Гули марҷон растании гармидӯст буда, ҳангоми фаро расидани фасли сармо ба хунукиҳо тоб наоварда, аз таъсири сардӣ хушк мешавад. 

Гули марҷонро метавонем дар шароити хона барои ороиш дар гулдонҳо парвариш намоем. Моҳҳои октябр-ноябр баъди  ба охир расидани давраи гулкуниаш онро метавонем аз қисми поёниаш бурем. Ба он ғизои иловагӣ дода, дар ҳарорати гармӣ нигоҳ дорем. Баъди гузаштани муҳлати муайян аз бехи пояҳои буридашуда навдаҳои навсабзида инкишоф меёбад. Агар шароити муътадил муҳайё бошад, ниҳоли он аз нав навдаю барг карда, гул мекунад. Дар шароити муътадили фасли зимистон онро ҳамчун гули ороишӣ истифода барем.

Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ гули марҷон ниҳоят маъмул гаштааст.  Дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  хиёбонҳо, роҳравҳо,  назди биноҳои маъмурию маданӣ ва марказҳои таълимӣ гули марҷонро ҳамчун гули ороишӣ парвариш мекунанд, ки он ба ҳусни пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе боз ҳам ҳусни дигар зам мекунад. Дар баробари парвариши гули марҷони баландпоя боз навъҳои дигари он низ парвариш карда мешавад. Ба инҳо навъҳои кӯтоҳпояи гули марҷон дохил мешавад, ки ранги гули онҳо низ сурхи баланд, гӯлобӣ, зард, нилуфар ва ғайраҳо мешавад.

Олимон вобаста ба  агротехникаи парвариш ва хусусиятҳои биологӣ  гули марҷонро бо се гурӯҳ ҷудо менамоянд. Бо гурӯҳи якум намуде дохил мешаванд, ки дар минтақаҳои субтропикии Амрико мерӯяд. Ин намуди гули марҷон дар  иқлими Тоҷикистон нағз мутобиқ шудааст ва онро ҳамчун гули ороишии яксола парвариш мекунанд. Он дар шароити ҳавои гарм ва намнокии муътадил нағз инкишоф ёфта, ба хунукӣ тобовар нест. Бо гурӯҳи дуюм бошад, намуде дохил мешаванд, ки он бештар дар соҳилҳои Баҳри Миёназамин парвариш карда мешавад. Ин намуди гули марҷон бо намнокии зиёд эҳтиёҷ надошта,  ба хунукӣ нисбатан тобовар мебошад. Он дар қумзаминҳо нағз рӯйда, ба нуриҳои минералӣ талаботи зиёд дорад. Бо гурӯҳи сеюм бошад, намуде дохил мешавад, ки  хусусиятҳои ороишӣ надошта, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва хиёбонҳо бо чунин мақсади истифода бурда намешавад. Ин намуди гули марҷон бо хунукӣ бештар тобовар буда, онро дар минтақаҳои иқлимаш номуътадил вохӯрдан мумкин аст.

Ш.Ҳ.РАҲИМОВ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj